ДДҲБСТ: Конститутсия – санади тақдирсози миллат
4 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Конститутсия – санади тақдирсози миллат” баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.
Таҷлили бистуҳаштумин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар яке аз шаҳрванди кишвари азизамон, аз ҷумла мо устодону донишҷӯён рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад, иброз дошт ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зимни суханронии хеш дар оғози конференсия. Илова шуд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 28 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид. Имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шохаҳои ин давлатро рӯз ба рӯз мустаҳкам менамояд.
Сипас, роҳбарону намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Конститутсия шодбош намуданд.
Дар идома, як зумра коршиносону ҳуқуқшиносон ва устодони донишгоҳ – декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ Зарина Раҳматова таҳти унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-заминаи рушди давлатдории миллӣ” ва донишҷӯи соли сеюми риштаи ҳуқуқшиносӣ Самандар Нормуродов дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” маърӯза намуданд.
Иброз гардид, ки Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд.Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид. Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои Конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо назардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд.
Дар қисмати дуюми конференсия ғолибони озмунҳои «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Конститутсия – бахтномаи миллат» бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.






















