Ҳуввияти миллӣ, рисолати шаҳрвандӣ ва эҳсоси падидаҳои манфӣ
Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа вохӯрии намояндагони Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташаккили РВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон дар мавзӯи: “ Хатари тероризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон, ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои корупсионӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.
Вохӯриро декани факултети баҳисобгирӣ ва андоз Абдуқаҳор Орипов ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муарифӣ кард ва мавзӯҳои мулоқотро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Сипас, муовини сардори шӯъбачаи мубориза бар зидди тероризм ва экстремизми ШММ БҶМ РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия – Бобоҷон Разоқзода перомуни маҳфум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ сухан гуфта, кайд кард, ки яке аз сабабҳои шомилшавӣ ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва нодурст истифода намудани шабакаҳои иҷтисоӣ мебошад.
Инчунин, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм, лейтинанти калони милитсия Далер Маъмурзода суханрони намуда, оид ба роҳҳои дурусти истифодаи шабакаҳо иҷтимоӣ андешаронӣ карда, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пурзур намоянд.
Дар охир мудири шуъбаи корҳои тарбияи донишгоҳ Азал Якубов андешаҳои хешро баён намуда, донишҷӯёнро баҳри поянда нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, ватандӯстиву инсондӯстӣ ибрози назар кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









