Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллати тоҷик
28 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Ба ҳамин муносибат 02.11.2022 дар китобхонаи илмӣ, махфилҳои илмӣ – тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсия низ ба ин муносибат чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Иброз шуд, ки нақши таърихии Конститутсия, дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳакимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои таррақиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофатии он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.
Ҳамзамон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.
Озмуни мазкур дар ду давра ташкил карда шуда дар он зиёда аз 100 нафар дониҷӯёни хоҳишманди донишгоҳ иштирок намуданд. Дар натиҷа 28 нафар донишҷӯён ба давраи дуюм роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳои ғолибон муайян ва қадршиносӣ карда шуданд.
Ба муносибати Рӯзи Конститутсия чорабиниҳои мухталиф дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







