Пирӯзии навбатии донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи соли сеюми ихтисоси дипламатияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Нигина Ботирова дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди “Варзиши сабук” ба гирифтани мақоми аввал сазовор гардид. Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамонони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ва Андрей Абдувалиев бахшида ба ҷашни 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргзор шуд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 250 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат намуда, байни ҳам рақобат карданд. Донишҷӯи ДДҲБСТ Нигина Ботирова бо ҷаҳидан ба баландии 1 м 40 см ғолиби мусобиқа дониста шуд. Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа бо медалу диплом қадршиносӣ гардид.

