Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид
Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тоштемир Назаров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ушу ба гирифтани мақоми аввал шарафёб гардид. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намуд 28 октябри соли ҷорӣ дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Донишҷӯи ДДҲБСТ бо шикаст додани ду рақиб ба гирифтани мақоми аввал мушарраф шуд.
Ҳамчунин, санаи 29 октябр дар мусобиқа байни варзишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоштемир Назаров ба гирифтани мақоми сеюм ноил шуда, бо медал ва дипломи мусобиқа қадршиносӣ карда шуд.
Ҷомеаи донишгоҳ барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои минбаъда ба варзишгар барору комёбӣ орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

