Муноқиша миёни Тоҷикистону Қирғизистон: муаммо кай ҳалли худро хоҳад ёфт?
Боиси таассуф аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ду тараф бар асари тирборон ва сар задани сўхторҳо ҷароҳат бардоштанд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷамоатҳои Чоркўҳ, Ворух ва деҳаҳои Қистақўзи Тоҷикистон муноқиша расман қатъ шудааст, аммо айни замон дар минтақаи назди сарҳадии байни сокинони деҳаи Чоркўҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Орта – Бози ноҳияи Боткент муноқиша идома дорад. Даргириҳои парокандае сари чанд вақт сурат мегирад. Яъне, бо сабаби аломатгузорӣ нашудани сарҳади давлатӣ як қисмати сарҳади давлатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад. Кашмакашиҳои зиёди тўлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон водор сохт, ки роҳбарони ҳарду кишвар баҳри амнияту осоиши минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ сари гуфтушунид бинишинанд. Зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирии руйдодҳои ногувори назди сарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии Тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта тадбирандешӣ намуда истодаанд.
Тибқи харитаи солҳои 1924–1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон истифода мешуд. Хатти марзи байни Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон 976 км тўл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз дар байни вилоятҳои Суғд ва Ботканд борҳо муноқишаҳои тезу тунд бо баҳонаи дастрасии сокинон ба обу чарогоҳ ба миён меоянд. мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳанўз ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Яъне решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад. Бинобар ин, ба назар мерасад, ки то замоне ки мушкилии аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳо хотима намеёбад.
Салимова М.М. – дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон