Донишҷӯён аз сарбозон дарси мардонагӣ омӯхтанд

Нимаи дуюми рӯзи 28 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти озоду самимӣ бо иштироки сарбозон-хатмкардагони ДДҲБСТ бо донишҷӯён баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, иброз дошт, ки ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи Ватан вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат мебошад. Дар кишвари ободу ором ва осуда зиндагӣ карда, ба қадраш нарасидан ва дар фикри ҳифзу ҳимояаш набудан нишони ноҷавонмардист. Роҳбари донишгоҳ бо ёдоварӣ аз шароити имрӯза, яъне вусъати ҷаҳонишавӣ иброз дошт, ки ба вуҷуд омадани падидаҳои номатлуб, ба мисли терорризм, экстремизм дар арсаи байналмилалӣ ва хатари афзудани он, таҳдид ба давлатҳои рӯ ба рушд, аз ҳар як фарди ҷомеа талаб менамояд, ки ҳифзи Ватанро вазифаи ҷонии худ шуморида, барои оромӣ ва суботи кишвар, таҳкими истиқлолият ва амнияти давлат дар баробари сарбозону афсарон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулият дошта бошанд.
Дар идома, сарбозони қисми низомии 3501-и ҚД ВКД, Сайдалӣ Самадов-хатмкардаи факултети инноватсия ва телекоммуникатсия, Шазҳод Бобоҷонзода ва Тоҳир Қодиров-хатмкардагони факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ перомуни шароиту имкониятҳои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ибрози андеша карданд.Гуфта шуд, ки имрӯзҳо шароити хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ба куллӣ беҳтар гардида, тамоми шароиту буду бош фароҳам оварда шудааст. Барои ҷавонони содиқи кишвар хизмат кардан боиси ифтихори баланд мебошад,илова намуданд сарбозон. Онҳо аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки пас аз таҳсил хизмат, ки қарзи ҷавонмардист ба ҷо оранд. Донишҷӯён низ аз сарбозон перомуни вазъи қисмҳои низомӣ, муносибати байниҳамӣ дар қисми ҳарбӣ ва дигар шароитҳо пурсон гардида, посух гирифтанд.
Дар анҷом роҳбари донишгоҳ бори дигар аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки мисли сарбозон сарбаландона хизмат намоянд, Ватану модари хешро ҳифз созанд ва номбардори волидайн ва давату миллат гарданд. Таъкид шуд, ки минбаъд низ бо ҷалби сарбозону афсарон мулоқоту вохӯриҳои судманд доир карда мешаванд
Мулоқот бо сарбозон-хатмкардагони донишгоҳ бо тақдими туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ анҷом пазируфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like