Баргузории маҳфилҳои донишҷӯён

Маҳфили навбатии “Дипламатҳои ҷавон” дар мавзӯи “Муаммоҳои энергетикӣ ва таъсири онҳо ба муносибатҳои байналхалқӣ” баргузор гардид.  Дар маҳфил садорати факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ширкат намуданд. Маҳфили “Дипламатҳои ҷавон”, ки бо ибтикори худи донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст, моҳе як маротиба баргузор мегардад.

Дар идома, донишҷӯён дар мазӯҳои “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Имкониятҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва аҳамияти онҳо дар муносибатҳои байналхалқӣ”, “Таъсири низоъи Русия ва Украина ба иқтисодиёти Аврупо”, “Аҳамияти лоиҳаи CASA-1000 дар минтақа” ва “Муаммоҳои энергетикӣ дар ҷаҳон” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Ҳамзамон, бахшида ба «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳфили илмии донишҷўён «Математикони ҷавон», ки дар назди кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири факултети инноватсия ва телекоммуникатсия амал менамояд, баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷўён дар мавзўҳои «Масъалаи Пуассон», “Ҳалли масъалаҳо бо ёрии масъалаи Пуассон» маърўза намуданд.

Бояд зикр кард, ки маҳфили мазкур тибқи нақша баргузор гардида, дар маҳфил мутахассиси раёсати корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, аъзоёни кафедраи фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосир иштирок намуданд.

Баргузории маҳфилҳои донишҷӯён дар дигар кафедраҳо идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like