Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-оғози музаффариятҳост

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки насли калонсол — шоҳидони бевоситаи воқеаҳои таърихӣ, баҳри тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон, аз ҷумла доир ба ҳодисаю воқеаҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух доданд ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ баранд. Дар заминаи гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштирокчиёни ин Иҷлосияи тақдирсоз – муовини раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромулло Одилов ва телефончии умури алоқаи Тоҷиктелеком дар вилояти Суғд, корманди шоистаи Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулҳия Мӯминова мулоқоти судбанд баргузор гардид.
Мулоқотро муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова ифтитоҳ карда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ ва баргузории вохӯриро барои ҷавонон дар самти омӯзиши таъриху фарҳанг ва санаҳои таърирӣ махсусан раванди баргузории Иҷлосияи тақдирсоз муфид маънидод кард.
Сипас, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромулло Одилов иброз дошт, ки таҷлили пуршукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён хиради азалӣ, дурандешии сиёсию заковати бузурги фарзандони далеру шуҷои миллатро баҳри муттаҳид намудани қувваҳои солим ва ба роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронидани мамлакат муаррифӣ намуд. Онҳое, ки 30 сол қабл, дар рӯзҳои баргузоршавии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ин гӯшаи кишвар бо дили ғамноку хотири парешон омада буданд, имрӯз аз дидани манзараҳои зебою нотакрори Қасри Арбоб ба ҳаяҷон омада, дарк мекунанд, ки танҳо вазъияти ороми сиёсӣ метавонад ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намояд. Барои ба ин роҳи тараққиёт расонидани давлат нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва ҷасорату хирадмандии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст, илова намуд К.Одилов.
Дар идомаи иштирокчии дигари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулҳия Мӯминова баромад карда, лаҳзаҳои баргузории Иҷлосияи мазкур, қабули қарору барномаҳои минбаъдаи онро ба иштирокчиён ёдовар шуд. Зикр гардид, ки воқеан, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои миллати тоҷик иҷлосияи тақдирсоз гашт. Он роҳи рушди минбаъдаи кишварро муайян намуда, мамлакатро аз вартаи нестӣ эмин дошт. Маҳз ин Иҷлосия боис шуд, ки шахсиятҳои тоза ба майдон омада, ояндаи рахшони мамлакатро барои садсолаҳо дақиқ карданд.
Иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз махсусан таъкид карданд, ки ҳар як фарди баору номусро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати имрӯза расида, аз ҳодисаҳои солҳои 90- уми асри гузашта хулоса бароварда, баҳри таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва бо ин роҳ ноил гардидан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ҳиссагузор бошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like