Мубориза бо коррупсия масъулияти шаҳрвандист

Бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва мубориза ба ин падидаи номатлубу хатарзо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд доир шуд. Дар мулоқот намояндаи раёсати Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ, мудирони кафедраву  роҳбарони факултетҳо ва сардорони раёсату бахшҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода мулоқотро ифтитоҳ карда иброз дошт, яке аз мушкилотҳои доғи имрӯзае, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, амалҳои коррупсионӣ мебошад. Вобаста ба ин ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар кишвари мо Ҳукумати мамлакат сол то сол чораҳои гуногунро андешида истодааст. Роҳбари донишгоҳ илова кард, ки мубориза ба ин падидаи номатлуб кори дастаҷамъона буда, зарур аст, ки корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ пурзӯр созем ва баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ мубориза барем.

Сипас, намондаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ перомуни сабабу омилҳои ба амалҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта даст задан, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза ба он ибрози андеша кард.Қайд шуд, ки коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, баробарҳуқуқиро ба оҳистагӣ аз байн бурда, боварии мардумро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонад, обрӯ ва эътибори онҳоро паст мегардонад. Агар мо саривақт чораҳои таъхирнопазир наандешем, ин кирдори номатлуб реша давонда, барои ҷамъияте, ки мақсади барпо кардани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявиро дорад, зарари калон мерасонад, илова намуд, Д.Зарифӣ.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарониву пеҳниҳодҳо хотима ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like