МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ НИШОНИ ЗАИФӢ НЕСТ

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ боз хабар оид ба задухўрд дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон паҳн карда шуд. Бинобар иттилоои хабаргузории «Спутник» тирпаронӣ аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз шуруъ гардид, ки аз ҷониби сарҳадбонони кишвари мо ба он ҷавоб гардонида шуд. Воқеан дар шароити имрўза ҳалли мушкилоти марзи миёни Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад. Ба андешаи мо ҷониби Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ бештар масъулиятшиносона муносибат мекунад, ки баъзан маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун заифии ҷониби мо баҳогузорӣ мегардад. Албатта бо масъулият муносибат намудан ба мушкилӣ ва дарки дурнамои мудҳиши ин мушкилӣ нишони заифӣ нест. Агарчанде ҷониби Тоҷикистон ба масъала бештар аз нигоҳи конструктивӣ ва ҳалли дурусту дипломатии қазия нигоҳ мекунад, аммо ин ба ҳеҷ сурат маънои инкори дигар василаҳо ва ё ба ҷониби дигар таслим шудан ва гузашт карданро надорад. Дар ҳалли ин мушкилот ҷониби Тоҷикистон бештар аз назари манфиатҳои миллӣ муносибат менамояд, ки он бо ҳалли сулҳомез ва дипломатии масъала гиреҳ мехўрад.

Аз чӣ бошад, ки ҷониби Қирғизистон бештар ба иғво дода мешавад, ки аз бемасъулиятии онҳо дар ҳалли сулҳомези масъала дарак медиҳад. Рўзҳои охир изҳороти як депутати қирғиз дар парлумони ин кишвар перомуни масъалаи сарҳадӣ бо Тоҷикистон садо дод, ки комилан иғвобарангез ва мушкилзо буд. Ў чунин иддао намуд, ки ҷониби Тоҷикистон нерўҳои ҳарбии хешро аз ҳудуди Ворух, ки анклаве дар ҳудуди Қирғизистон аст берун кашад. Чунин изҳороти беасос ва иғвобарангез боиси баҳсҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Аввалан, зикр намуданӣ ҳастем, ки Ворух дар ҳеҷ сурат ҳудуди Қирғизистон ва дар гузашта анклав низ набуд. Ғасби тадриҷии ҳудудҳои атрофи Ворух боиси ҷудо гардидани он аз ҳудуди Тоҷикистон шуд ва баҳси асосӣ имрўз атрофи ин минтақаҳо аст. Дуввум он ки ҷониби Қирғизистон дар шароити имрўза бештар ба ҳарбикунонии ҳудуҳои сарҳадӣ машғул аст. Пурқувват намудани нерўҳои сарҳадӣ ва бо техникаҳои нави ҳарбӣ таъмин намудани он аз фаъолияти иғвобарангези ҷониби Қирғизистон дарак медиҳад. Депутати қирғизро зарур буд, ки аввал ба ҷониби худ назар афканад, ки тадриҷан вазъиятро бўҳронӣ мекунанд. Ҳатто кор ба ин дараҷа расидааст, ки ҷониби Қирғизистон ба ҳайси раиси вилояти Боткент нафари ҳарбиро ба вазифа гузорад. Имрўз ҷониби Қирғизистон тадриҷан ба ҳарбикунонии ҳудудҳои сарҳадӣ бо кишвари мо машғул аст, аммо депутати ин кишвар ангушти ишорат ба ҷониби Тоҷикистон равона дорад. Албатта, ба ҳарбикунонии ноҳияҳои сарҳадӣ аз ҷониби Қирғизистон ҷониби мо беҷавоб истода наметавонад. Агарчанде кишвари мо ба масъала бомасъулиятона бархўрд дорад, аммо ба ҳеҷ сурат он ҳифзи манфиатҳои миллиро канор намегузорад. Ҷониби Тоҷикистон низ барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ даст ба кор аст. Хусусан ҳолатҳои охири дар сарҳади давлатӣ суратгирифта, ки боиси ташаннуҷи вазъият гардид маҳз кўшишҳои иғвоангези ҷониби Қирғизистон буд. Аз ин рў, ҷониби Тоҷикистон наметавонад ба масъала бепарвоёна муносибат намояд ва манфиатҳои миллию ҳаёти шаҳрвандонашро зери хатар гузорад.

Албатта, дар ҳама сурат ҷониби Тоҷикистон ба масъала хунсардона муносибат намудааст, аммо ин маънии заифии ҷониби моро надорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳар сурат омода мебошад, ки ба ҳама гуна таҳдидҳо ҷавоб гардонад ва манфиатҳои миллии хешро ҳифз намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар ҳама ҳолат ҷонибдории худро аз ҳалли сулҳомез ва дипломатии масъала нишон додааст. Аммо дар сурати оне, ки ҷониби дигар ба ҳарбикунонӣ ва таҳдиди рўирост рў оварда истодааст, кишвари мо низ чорае ҷуз ҷавоби мувофиқ гардонидан надорад. Ба ҳар ҳол мо боварӣ ба он дорем, ки ақли солим боло мегирад ва ҷонибҳо мушкилоти сарҳадиро бо ба инобат гирифтани манфиати милли ду ҷониб ва заминасозӣ барои сулҳу суботои оянда ҳаллу фасл менамоянд.

Солеҳӣ Ш. – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ

You might also like