Баргузории онлайн-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ

19 октябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон байни донишҷӯёни курсҳои 1-3 олимпиадаи байналмилалӣ тариқи онлайн аз фанни забони русӣ баргузор гардид. Даври аввали он бо иштироки  устодони кафедраи забони русӣ дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуда, аз байни иштикоукчиён 80 нафар, беҳтарин донандагони забони русӣ дар давраи 1-уми онлайн-олимпиада  ширкат намуданд. Чорабинӣ бо мақсади шиносоӣ, тарғиб ва оммавигардонидани забон русӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди зеҳнӣ ва дастгирии намояндагони ҷомеаи муосир баргузор гардид.

Интернет-олимпиадаи мазкур аз рўйи 4 фан: математика, информатика, забони русӣ ва иқтисодиёт гузаронида мешавад.

Донишҷӯён дар интернет-олимпиада аз фанни забони русӣ ширкат варзиданд ва тибқи нақша аз фанҳои дигар низ иштирок хоҳанд кард.

You might also like