ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА

Санањои 14-17-уми сентябри соли 2022 дар хати сарњади миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ќирѓизистон низои мусаллањона сурат гирифт, ки мутаассифона боиси кушта шудани нафарони зиёд аз ду љониб шуд. Аз љониби Ќирѓизистон ба макони зисти мардуми осоиштаи кишвари мо њамлаи мусаллањона сурат гирифт ва нафарони зиёди мулкї ќурбони ин њамлаи ѓосибона гардиданд. Албатта, љониби Тољикистон ба ин њамла љавоб гардонида тавонист њаракати ѓосибона ва ѓайриинсонии афсарони ќирѓизро боздорад. Даргирї миёни ду кишвар дар натиљаи ба созиш расидан ќатъ гардид ва то ба имрўз мухолифатњои иттилоотї давом ёфта истодааст. Љониби Тољикистон дар њама њолат љонибдори њалли сулњомези мушкилоти сарњадї аст. Хусусан, шуруъ намудан ба корњои сохтмонї пас аз ба эътидол омадани вазъ аз боварии љониби мо ба сулњу созиш дарак медињад. Саволи матрањ дар ин маврид он аст, ки оё љониби Ќирѓизистон воќеан њам љонибдори сулњ аст? Оё онњо дар воќеъ ба ањди худ вафо мекунанд ё худ созишро танњо барои омодагии дигар ба низоъ истифода намуданї њастанд?

Якчанд љињатро зикр намудан мумкин аст, ки аз омодагии эњтимолии љониби Ќирѓизистон ба низои дигари мусаллањона дарак медињад.

а) Аз аввал чунин ба назар менамуд, ки низои аз љониби Ќирѓизистон шуруъшуда як амалиёти иктишофї ва тактикии њарбї буд. Љониби Ќирѓизистон барои санљиши техникањои нави хеш, аз он љумла њавопаймоњои бесарнишини «Байрактар» ба ин амалиёт даст зад. Пас аз низоъ амалиёти иктишофї бурдан тавассути дронњо дар тамоми сарњадњои шимолии Тољикистон, ки нисбати он изњороти Вазорати корњои хориљии Тољикистон пахш карда шуд аз љињати тактикї доштани низоъ барои љониби Ќирѓизистон дарак медињад. Иваз намудани мавќеъи нерўњои њарбї дар љараёни гуфтушунид, ки боиси ќафо рафтани баъзе љузъу томњо дар нуќтањои сарњадї аз љонби њарду кишвар гардиданд шояд барои љониби Ќирѓизистон љињати тактикии њарбї дорад. Зарур аст, ин масъала аз љониби коршиносони соњаи њарбї њамаљињата омўхта шавад.  

б) То ба имрўз таљриба нишон додааст, ки љониби Ќирѓизистон ба шарномањо ва созишномањо пойбанд намондааст ва дар њар сурат бо бањонаи манфиатњои миллї ва ё худ «норизояти мардумї» онњоро яктарафа вайрон кардааст. Пас аз имзои созишнома низ љониби Ќирѓизистон якчанд амалеро пиёда сохт, ки ба рўњияи созиш мувофиќ намеояд. Хусусан душман хондани љониби Тољикистон дар суханронињои Президенти Ќирѓизистон, дар минбари СММ ба дўши Тољикистон вогузор намудани низоъ, инкори баргузории машќњои СААД дар ин кишвар, интиќодњои расмї ба суроѓи Њукумати Тољикистон ва Пешвои миллат ва ѓ. аз он дарак медињад, ки љониби Ќирѓизистон ба њалли дипломатии мушкилот чандон њавасмандї нишон намедињад.

в) Мушкилоти марзї миёни Тољикистон ва Ќирѓизистон ба як омили носуботкунандаи минтаќавї табдил шудааст. Субъектњои мухталифи геополитикї аз ин фурсат мехоњанд истифода намуда, фронти наверо дар минтаќа бар алайњи Россия ва Чин оѓоз бахшанд. Хусусан гаравиши Ќирѓизистон ба љониби Туркия ва ИМА ба чашм мерасад, ки коршиносон аз эњтимоли пайванди низои сарњадї миёни Ќирѓизистону Тољикистон ва тањаррукори толибонї њарф мезананд. Дар шароити имрўза субъектњое вуљуд доранд, ки аланга гирифтани низои миёни Ќирѓизистон ва Тољикистонро хоњонанд. Аз ин рў, љониби Ќирѓизистон тамоюли табдилшавї ба абзори дасти берунињоро дорад, ки њар лањза метавонад ба низои мусаллањонаи нав даст бизанад. Масъалаи низои марзї як мушкилоти замонї њаст, ки зери таъсири омилњои мухталиф метавонад аз нав сар занад. Хусусан зуњури он метавонад ба њолати низои миёни Россия ва Украина пайванд дошта бошад.  

г) Чунин эњтимолияте низ вуљуд дорад, ки зери машварати кишварњои манфиатдор ва бо дастгирии онњо љониби Ќирѓизистон аз нерўњои доишї дар низои марзї истифода намудааст. Хусусан ба таври вањшиёна куштани ањолии мањаллї ва афсарон (чунин расмњои вањшиёна кушта шудани одамон ва сарбозон дар шабакањои иљтимої пањн гардида буд) аз эњтимолияти истифода шудани чунин нерўњо аз љониби Ќирѓизистон дарак медињад.

д) Харидорї намудани модели нави тайёраи бесарнишин аз љониби Ќирѓизистон бесабаб нест ва шояд он бар алайњи Тољикистон равона гардонида шавад. Љониби Ќирѓизистон аз модели «Акенљї»-и бесаршининњои Туркия харидорї намуд, ки он навъи њуљумї ва бо зарфиятњои баландтар мебошад. Ин амали љониби Ќирѓизистон баёнгари он аст, ки онњо ба низои нав омодагї мебинанд.

Лозим ба ёдоварист, ки љониби Ќирѓизистон ба пуррагї барои низои оянда фаъолияти иктишофї гузаронид ва худро омода сохта истодааст. Паёмади низои оянда барои кишвари мо хеле хатарбор мегардад, агар аз љониби мо љавоби сариваќтї ба он дода нашавад. Ба њар сурат мо набояд ба умеди созишномањо ва ваъдањои дипломатии љониби Ќирѓизистон гардем, зеро аксаран чунин ба назар мерасад, ки дипломатияи онњо танњо фурсатталабї барои омодагии навбатї ба низоъ аст. Албатта, мо умедвор ба он њастем, ки низоъ бо роњи дипломатї њал мегардад, аммо дар њар сурат мо набояд эњтимолиятњои дигарро инкор намоем. Аз ин рў, барои љониби Тољикистон иљрои чунин ќадамњоро муњим медонем:

а) харидорї намудани техникањои муосири њарбї бар алайњи њамагуна дронњо, зеро низои ахир нишон дод, ки љониби Ќирѓизистон аз чунин технология истифода мебарад ва модели навашро низ ба даст овардааст.

б) харидорї намудан аз техникаи њарбии бесарнишин, ба хотири љавоби мувофиќ дода тавонистан дар сурати тањољум. Омода будан ба зарбањои љиддї ба тањољумгар, зеро эњтимолияте вуљуд дорад, ки онњо ба объектњои муњимми кишвари мо зарба бизананд. Хусусан, зарур мешуморем, ки объектњои муњимми инфрасохтори тањољумгар шинохта гардад то мавриди њамлањо ќарор бигирад.

в) омода шудан ба љанги иттилоотии навбатї. Дар ин самт зарур мешуморем, ки миёни ањолии мањаллї нафарони алоњида ва донишманд омода карда шаванд ва бо абзорњои зарурї таъмин гарданд. Онњо вазифадор гарданд, ки њамаљониба аз њолати ба миён меомада ба маркази муќарраргардида иттилоъ расонанд.

г) дар њама сурат ба љониби Тољикистон зарур аст, ки њамаљониба омода бошад. Пеш аз њама омодагии таслињотиро зарур мешуморем, то ба тањољумгар барои њамла намудан имкон дода нашавад. Зарур аст, ки ба њама намуди тањољум љавоби сариваќтї ва мувофиќ дода шавад.

Солиев Ш.- муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ                                    

You might also like