Тадбирҳо барои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар донишгоҳ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2022 Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 тасдиқ гардид. Консепсияи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, татбиқи он солҳои 2023 – 2026, 2027 – 2030 ва 2030 – 2040-ро фаро мегирад.
Дар асоси қарори қабулшуда раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, дар лоиҳаи грантии “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, иштирок намуд. Лоиҳа асосан барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, аз қабили азнавсозӣ ва ташкили лабораторияҳои муосир ва мукаммалгардонии таҳсилоти фосилавӣ пешбинӣ шудааст.
Дар заминаи лоиҳаи мазкур дар донишгоҳ семинар-машваратҳо барои роҳбарони шуъбаву бахшҳои дахлдор, кормандони технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзгорон донишгоҳ гузаронида шуд. Дар интиҳо ба иштирокчиёни семинар-машваратҳо ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода Шаҳодатномаҳо тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар донишгоҳ лабораторияи замонавӣ, синфхонаи компютерӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд.Ҳадафи лоиҳа ҷалб ва фарогирии донишҷӯдухтарони ноҳияҳои дурдаст ба таҳсилоти фосилавӣ арзёбӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур баҳри мукаммалкунии таҳсилоти фосилавӣ зина ба зина амалӣ гашта истодааст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









