ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ҲАЁТИ ОСУДАИ СОКИНОНИ МАМЛАКАТ
Ҳамзистӣ дар фазои осоиштагӣ ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои устувор ва боэътимоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар доираи арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ омилҳои муҳими таъмини амнияти мардуми кишварҳои ИДМ мебошанд.
Лекин вазъи мураккаб дар Афғонистон, амалиётҳои ҷангӣ байни Россия ва Украина, задухурди мусаллаҳона дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон, ҳодисаҳои дар Қароқалпоқистон ва Қазоқистон рухдода, аз ҷумла ҳуҷуми мусаллаҳонаи неруи қирғиз ба марзи кишвари мо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ҳодисаҳо силсилаи як занҷир мебошанд, ки бо нақша ва сарпарастии давлатҳои абадқудрат амалӣ шуда, минбаъд ҳам ба амнияти тамоми давлатҳои Осиёи Миёна метавонад хатарҳои нав эҷод кунад. Бўҳрони молиявию иқтисодӣ, мавҷудияти муноқишаҳои наздисарҳадӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии меъёрии байнидавлатии ҳуқуқӣ, инкор кардани меъёрҳои байналхалқӣ барои авҷи чунин падидаҳои хавфнок мусоидат мекунанд. Аз ин рў, муқовимат бар зидди хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ва омилҳои он, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси мусолеҳа ва маҷмўи тадбирҳои байнидавлатӣ анҷом дода шаванд. Ҷустуҷую талошҳо дар самти пешгирӣ ва бартараф карда шудани омилҳои мусоидаткунанда ҳама гуна низоъ ногузир ва зарур боқӣ мемонад.
Амалия нишон дода истодааст, ки то имрӯз падидаҳои экстремистӣ, коррупсия, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хориҷии ифродгароӣ, раванди зархаридӣ ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба мушоҳида мерасад, ки рў ба афзоиш доранд. Ангезаҳои ифротӣ, неофашистӣ ва терроризми маънавӣ, иқтисодӣ, ки дар расонаҳои хабарии як қатор давлатҳо ошкоро, зери ниқоби “озодандешӣ, ҳомиёни ҳуқуқу озодии инсон, демократия, ҳифзи меъёрҳои ҷаҳони озод” паҳн шуда истодааст, ки аксари онҳо ба арзишҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва маънавии мардуми мо бегона ва мухолифанд. Дар раванди авҷи муқобилгузории арзишҳои ахлоқию маънавӣ ҷавонон набояд фирефтаи ақидаҳои ғалат шаванд. Таҳрибкорон ва сарпарастони хориҷии онҳо, ки бо ангезаҳои ғалат ва иғвоангез, мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд, пеш аз ҳама кушиши барпо кардани фазои ноором, халалдор кардани амният ва осоиштагиро доранд, то ки мо ба ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ, густариши фазои иттилоотӣ, васеъ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳат ва хизматрасонӣ, сохтумони объектҳои энергетикӣ, роҳу пулҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои дигар ноил нагардем.
Бо мақсади паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна пайомадҳои хавфнок, таҳдидҳои муосир, ақидаҳои носолим ва иғвоангез, инчунин баҳри густариш ва таҳкими равобит ва ҳамкории босамар такмил додани ҳамкории байни давлатии ИДМ, аз ҷумла дар самти пешгирии таҳдидҳои муосир, муқовимат ба экстремизм ва терроризм зарурати роҳандозӣ ва такмил додани чораҳои муқовимати фарогир бо таълиму тарбия муҳим аст.
Баҳри паст кардани таҳдид ва таъсири ақидаҳои ғалат, носолим, ҳифзи арзишҳои маънавӣ мо бояд сатҳи маърифатнокӣ, таълиму тарбияи ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ, дарки холисонаи воқеият, андешаронии солим вусъат бахшем. Пайваста сатҳу сифати тарғибу ташвиқи фарҳанги инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ, ҳаёти солимро дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият дода, пояҳои истиқлолияти кишварро пайваста мустаҳкам намоем ва ҳамеша кӯшиш намоем, ки барои зиндагии шоистаи мардуми худ шароит ва имконияти бештар муҳайё гардад. Масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеа, иҷрои софдилонаи вазифаҳои касбии худ, ҷалби ҷавонон ба касбомузӣ, ба раванди созандагӣ ва ободонӣ ба барпо кардани фазои орому осоишта, ба пешрафти босуръати иҷтимоиву фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва таъмини амнияти кишвар шароити солим ва зарурӣ муҳайё хоҳад кард.
Раҳматулоев А.Э. – проффессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории
ДДҲБСТ