ДДҲБСТ: Арҷгузории санаҳои таърихӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият

17 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Сафарзода бо устодони донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот кард. Дар вохӯрӣ ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуданд. 

Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддин Сафарзода перомуни нақши Иҷлосияи   XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расидан ба сулҳи тоҷикон ибрози андеша кард.

Қайд карда шуд, ки Иҷлосияи   XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чун Иҷлосияи тақдирсоз ва нусратофар шинохта шудааст,  оғози музаффариятҳо ва муваффақиятҳои паёпай дар кишвари соҳибистиқломон мебошад . Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек буду  тақдири халқу миллатро ҳал намуд ва на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад кард. Бино ба маълумоти Исмоилзода З.М. баргузории  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд муқаддастарин устувортарин қадам дар роҳи рушди истиқлолияти Ватан мебошад.

Дар идома ректори донишгоҳ, Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки  бо гузашти инак 30 сол мардуми азизи мамлакат дар остонаи таҷлили бошукӯши Иҷлосияи тақдирсоз,  ва нусратофар қарор доранд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи созанда имкон дод, ки насли ояндасоз, яъне ҷавонони нерӯманду худогоҳ ва тавоно дар идоракунии давлат қадам гузошта, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси волои ватанпарастӣ Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои дар ҳоли пешрафт қарордошта ҳидоят намоянд.

Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ низ андешаашонро перомуни Иҷлосияи тақдирсоз ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баён дошта, ҳифзу нигаҳдошти санаҳои таърихӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ватан ва ҳимояи Истиқлоли меҳанро вазифаву қарзи шаҳрвандии хеш баён карданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like