Сулҳу ваҳдати миллӣ
Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».
Мардуми кишвари мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст, аз ин лихоз бояд ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан, ки мазмуни асосии зиндагиамон аст, намоем.
Имрӯз ба Афгонистони ҷангзада менигарем ва сад шукр мегӯем ба Офаридгори пок, ки наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мо ато намуд. Ба ӯ қуввату ҷасорат дод, то ӯ ҳастии худро баҳри наҷоти миллат, ҳифзи марзу буми Ватан ва хотима бахшидан ба низои шаҳрвандӣ бахшид. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо ибтикори стратегии Пешвои миллат бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулоддаи сарварии Пешвои миллат ба ӯ имкон доданд, ки ниҳоди қавии Президентиро дар Тоҷикистон ташкил кунад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад. Аҳамияти амалӣ ва таърихии ташаккули ниҳоди президентӣ пеш аз ҳама, аз он иборат мебошад, ки он ҷараёни ҳаводиси фоҷиабори ҷомеаи тоҷиконро, ки ба як буҳрони бенизомиву беқонунӣ расида буд, ба фазо ва доираи қонун бозгардонд, ҳокимияти сиёсиву мудириятро, ки ҳам дар сатҳи амудӣ ва ҳам дар сатҳи уфуқӣ пурра фалаҷ шуда буд, аз нав барқарор намуда, асоси қонунӣ бахшид.
Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолият ҳадафи лоиҳаҳои низоъангези абарқудратҳо ва хусусан як гурӯҳ мамлакатҳои Шарқи Наздик гашт, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд ва як гурӯҳ гумроҳони миллатро бар сари қудрат биоранд. Президенти Тоҷикистон ҳамчун ватандори асил ин ҳадафҳои ғаразноки душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳоро сари вақт ифшо намуда, бо тамоми ҳастиаш бар зидди онҳо мубориза бурд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шермарди даврони худ ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардонид. Вақте ки ӯ ҳамчун сулҳофар ба сӯйи мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз кард, пеш аз ҳама манфиатҳои миллии моро, ояндаи ҳамватанони худро дар пеши назар дошт. Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат зери фишори душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо истодагарӣ ва ҷасорати худ ҷанги шаҳрвандиро ба анҷом расонида, сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯсту душманони сарзамини мо шоҳиди он гаштанд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад ва ӯ миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад.
Султонова А. Ҷ. – муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ