Баргузории озмуни “Донишҷӯи сол-2022”

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни «Донишҷӯи сол» ҳамасола бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ гузаронида мешавад.
14 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи донишгоҳ даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол-2022” баргузор гардид. 9 нафар ғолибони даври факултетии озмун барои пирӯзӣ дар даври донишгоҳӣ байни ҳам рақобат карданд. Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба донишу маҳорати довталабон баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон донишҷӯи соли сеюми факултети бизнес ва идоракунӣ Омина Ҳидоятова ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол-2022” дониста шуд.
Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода баромад карда, афзуд, ки озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушду нумӯи кишвари азизамон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ ба роҳ монда шудааст.
Илова шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва нерӯи созанда мебошад. Ҳамзамон аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки пайваста омӯзанд, донишу малака ва маҳорати хешро такмил дода, мутахассиси забондону дорои ахлоқи ҳамида табия ёбанд ва дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like