Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт
14 октябри соли равон дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минатқаи факултети бизнес ва идоракунӣ, мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи соҳибкорон таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар якчанд соҳибкорони ватанӣ иштирок ва баромад карданд. Тибқи барномаи мизи мудаввар сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа, н.и.и., дотсент Қаюмов Ф.Ғ. оғоз намуд.
Сипас устодон ва соҳибкорон доир ба мавзӯъҳои моратория асоси рушди фаъолияти фаъолияти соҳибкорӣ, кодекси нави андоз: сабукӣ ва имкониятҳо баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 14 октябр Рӯзи соҳибкорон қайд карда мешавад.
Иброз шуд, ки минбаъд низ бо иштироки соҳибкорон ва мутахассисони варзида перомуни мавзӯҳои мухталиф чунин суҳбату мулоқотҳо ташкилу баргузор карда мешаванд.


