ИФРОТГАРОӢ АСОСИ ҚОНУНИИ ВУҶУДИЯТ НАДОРАД

Имрўз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ин барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки имруз ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад ва имруз аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ин гуна ифротҳо ва суханони пур аз фиребу дурўѓи он нафарони мазлум нагарданд.

Дар адабиёти ҳуқуқии кишвар иборае ҳаст, ки «Хоҳи ки озод бошӣ, ѓуломи қонун бош».  Албатта мо имрўз хуб дарк мекунем, ки ҳамаи самт ва фаъолияти шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Мо ҳамон ҷуратеро мепиндорем, ки он баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат равона шуда бошад ва ҳамон ҷасоратеро мехоҳем, ки он дар ҳифзи марзу буми миллат бар зидди ҳама гуна таҳдиду хатарҳо нигаронида бошад.

Қайд  кардан ҷиоз аст, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногун чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд.

Албатта донистани сиёсати имрўзаи ҷаҳон зарур ва мувофиқи мавқей аст. Ҳадаф дар он аст, ки мо пеш аз ҳама мавқеи мафкураи сиёсиамонро нисбати вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ мушаххасан муайян карда бошем. Воқеан, инсоният табиатан мураккаб ва дорои мафкураи гуногунҷабҳа мебошад. Аз бекорӣ бисёр фикрҳои нодаркор ва ҳатто зараровар ва дар айни замон зиддиятҳои манфиатҳо ба миён омада, барои қонеъ гардонидани талаботҳои иловагӣ дар руҳияти инсон ба вуҷуд меояд. Аммо аз таҷрибаи зиндагии ҳар як шахс маълум аст, ки дар ягон ҷо кори бе дарду осон нест, ки бар ивази он музди бисёре муайян карда шуда бошад. Терроризм ва экстремизм ҳанўз чун хатарӣ  глобалӣ муаррифӣ шудааст ва ҳар гуна таҳлил ва омўзиши он як нитиҷаи ниҳоиро ба вуҷуд меоварад. Яъне расонидани зарар ба аҳолии осоишта, вайронкорию ѓоратгарӣ ва дигар бисёр намудҳои зарарро мисол овардан мумкин аст, ки аз ҷониби онҳо нисбати қишри осоиштаи ҷомеа нигаронида шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубо­риза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ва экст­ремизм (ифротгароӣ) бояд ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар нигаронида мешавад.

Рушди илму техника барои ноил шудан ба дараҷаҳои баланди илмӣ, омўхтани фанҳои муосири ҷаҳонӣ, таҳқиқотҳои илмии нав, такмили донишу малакаи ҷавонон, имкониятҳои зиёд барои таҳсил ва ѓайраҳоро ба вуҷуд меорад, на воридшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ѓайриқонунӣ.

Чи хеле мо медонем       терроризм ва экстремизми (ифротгароӣ) имрўз ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил дода­ни системаи муассири мубори­за бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-ро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намудаанд, ки: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад».

Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм  дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.

Таҳлили ҷараёни вазъи сиёсии ҷаҳони имрўза ва чораҳое, ки бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), хусусан дар минтақаи Осиёи Наздик андешида шуда истодаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмиалалӣ дар маҷмўъ ба амнияти тамоми давлатҳо таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо кардааст. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди ғоя ва фаъолияти ҳама гуна марказ ва созмонҳои динӣ – экстремистӣ, сарчашмаҳои маблағузории террористон ва таҳрибкорон қатъиян амал мекунад.

Бинобар ин яке аз вазифаҳои муҳими имрўзаи мо ошкор намудан, бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта (ифротгароӣ) мебошад.

Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстемистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд.

Мутаассифона, фаъолияти онҳо дар ҳар гўшаву канори дунё ба амал омада истодааст, ки несту нобут ва решаканд намудани он яке ҳадафҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Гурўҳҳои терористӣ мехоҳад аз рўи таҳлилҳои воқеии худ ҷомеаро ба худ ҷалб намояд. Лекин не, он душманони миллат нахоҳад ба мақсадҳои манфури худ расид. Имрўз мардуми мо тафаккури баланд, соҳиби илму маърифат ва ба ҳар гуна ҳолатҳои гуногун баҳои ҳуқуқӣ дода метавонанд. Таърихи тоҷикон беш аз 5500 сола дошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани номи тоҷикон ва номи ватани азизамон Тоҷикистон мо то дараҷае кўшиш кунем ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас муаррифӣ намуда бошем.

Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона тамоми ҷомеаи шаҳрвадӣ дар якҷоягӣ кўшиш ба ҳарҷ бурдан лозим аст, ки фаъолияти ҳамарўзаи мо аз ҳамдигар вобастагии бевосита дорад.

Дар ҳақиқат ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азаизамон сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд.

Итминони комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, соҳибваҳдату тамаддунофари Тоҷикистон ҳамаи давру замон баҳри як порчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳамеша дар гирди роҳбарияти олии кишвари азаизам сарҷамъ ҳастанду нерӯи ақлию ҷисмонии худро баҳри орому осудагии Ватани зебоманзарашон сарф менамоянд. Ягон нохалафро мақсадҳои муғризаш ба ҳадаф намерасад, зеро Тоҷикистон макони ободу сулҳофар асту боқӣ мемонад!

 

Самадов Б. О. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like