Омўзгори фидоӣ ва роҳбари ташаббускору созанда
Дар литсейи ДДҲБСТ ба муносибати 40 солагии фаъолияти омўзгори номвар Мансур Очилов маҳфил баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ Шаҳноза Норматова, роҳбарияти факулети баҳисобгирӣ ва андози донишгоҳ, намояндаи шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва дигарон баромад намуда, аз роҳи тайкардаи омўзгор, роҳбари обдкору созанда Мансур Ачилов нақл намуданд.
Нахуст, муовини ректори донишгоҳ, Норматова Ш. зимни ироаи табрикоти ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки таҳти сарварии Мансур Ачилов ҷомеаи меҳнатии Литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи илму маориф меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, имрўз бо азму талошҳои созанда бо омода кардани мутахассисони ҷавобгўи талаботи даврони муосир дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо мегузоранд.
Қадршиносӣ шуданатон бо унвони баланди Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти мухталифи вилоятӣ боиси ифтихор буда, самараи заҳматҳои бисёрсолаю софдилонаатон мебошанд, илова гардид дар идомаи маҳфил.
Ҳамзамон баромадкунандагони дигар низ перомуни паҳлӯҳои дигари фаъолияти пурмаҳсули Мансур Ачилов маълумот доданд.
Маҳфил бо барномаи фарҳангии хонандагони литсей анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




