Баргузории Форуми навбатии Осиёи Марказӣ бахшида ба сифати таҳсилот

7 октябри соли 2022 Форуми VI байналхалқии Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар фазои глобалии маориф» баргузор гардид. Имрӯз форум чорабинии байналмилалии махсус мебошад, ки аз тарафи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон ташкил карда мешавад ва барои табодули таҷриба ва ақидаҳо дар соҳаи таъмини сифати таълим имконият медиҳад. Дар соли ҷорӣ дар форум намояндагони 13 давлат, аз он ҷумла ИМА, Олмон, Туркия, Болгария ва давлатҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар форум ректор, профессор Шарифзода М.М. бо тарики онлайн баромад намуданд. Маърӯзаи ӯ дар мавзӯи «Аккредитатсияи байналмилалӣ ҳамчун шарти ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ» ба масъалаҳои мубрами таъмини сифати таълим тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шуда, таваҷҷӯҳи зиёди иштирокчиёни форумро ба бор овард.

 

 

 

 

You might also like