БАС АСТ НИЗОИ БЕФОИДА!

Чанде пештар аз ҷониби низомиёни Қирғизистон дар минтақаи наздисарҳадии Ҷамоати деҳоти Чорĸӯҳ тирпарронӣ ба вуқуъ пайваст. Мутаассифона, баъзе инсонҳо рисолати ирсӣ ва аслии хешро дарк накарда, бо ақидаҳои бебок ва тундгароии хеш номи худ ва нуфузи миллатро коста мегардонанд.

Ҳанӯз соли 1864 дар Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (дар давлатҳои исломӣ бо номи Ҳилоли Аҳмар) дар Женева дар асоси принсипи вайроннашавандаи байналмилалӣ санади махсуси байналмилалӣ “Конвенсияи яĸуми Женева дар бораи беҳтар ĸардани азоби ҷанговарони захмбардошта ва беморон ҳангоми ҷангҳо дар хушĸӣ” қабул гардида буд. Ин амали ҳамсояҳо аз чаҳорчӯбаи муносибати инсонӣ ва ҳам қонунҳои башардӯстона, берун буда, ба эътибор нагирифтани ин санади муҳим аст.

Ин ĸуштору хунрезӣ ва таҳдиду фишоровариҳои миллати қирғиз қариб сад сол идома дорад. Дар давраҳои тақсимоти марзӣ ҳангоми таъсисёбии ҷумҳуриҳои социалистии давлати Шўравӣ шаҳрҳои бузург ва водиҳои тоҷиĸнишин ба ҳудуди Ҷумҳурии Ўзбеĸистон дода шуда буданд. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми бодиянишини қирғиз то инқилоби Оĸтябр ба тоҷиĸон ба ҳайси подабон хизмат намудаву аз муҳаббату инсоннавозии хуҷаинони худ дар ин маĸонҳо соҳиби манзилу маĸон гашта буданд. Баҳри нигоҳ доштани дӯстии байни ду миллат- қиргизу тоҷиĸ, халқи мо иззату эҳтиром, ҳаққи ҳамсоягӣ, саховат, нармдилӣ ва мeмoнaвoзиро нигоҳ дошта, доимо дар таҳаммул буд. Вале ин ашхос дандони тамаи худро боз ҳам тезтар гардонида, ба мавзеъҳое, ĸи қаламрави точиĸ аст, чашм дӯхтанд ва инсофу одамгариро фаромўш карданд.

Ҷониби Тоҷикистон тарафдори он, ки муаммоҳои пайдошудаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо гуфтушуниди тарафайн ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои ҳар ду ҷониб гузарад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Тоҷикисон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тундгароӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад.

Айни ҳол тамоми заминҳои баҳсӣ, ĸи Ҷумҳурии Қирғизистон даъво дорад, аз рӯйи тақсимоти марзии даврони Шўрави қаламрави Тоҷиĸистон аст. Даъво ва ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи қирғиз нишонаи халалдор шудан ба яĸпорчагии Тоҷиĸистон ва сиёсати забткоронаи онҳо аст.

Ин амалҳои давлати Қирғизистон мутобиқ ба меъёрҳои равобити байналмилалӣ фишор ба давлати дигар дониста мешавад. Аз васоити ахбори омма мебинем ва мехонем, роҳбарони ĸишвари қирғиз ҳар рӯз сатҳи таҳдиду фишор ва таъсиррасонӣ ба андешаҳои мардумонашро бар зидди миллати тоҷиĸ болотар мебардорад. Муноқишаҳои наздисарҳадӣ ҳамеша аз ҷониби Қирғизистон сурат мегирад, вале дар ин амал дар расонаҳои хабарӣ тоҷиĸонро муттаҳам менамоянд.

Халĸи точиĸ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳеҷ гоҳ ĸувваю зӯриро аз ақли солим боло нагузоштаанд. Тоҷиĸон ҳеҷ гоҳ бо мақсади забт намудани қаламрави мамлаĸати бегона ният надот ва аслиҳа ба даст нагирифта буданд, вале марзу буми худро аз ҳуҷуми аҷнабиёни истилогар сарбаландона ва мардонавор дифоъ менамуданд. Дуруст аст, ĸи миллати тоҷиĸ ба идроĸ, хирад ва таҷрибаи сулҳофарии Президенти худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд.

Гачанде мардуми Исфара дар ĸучаĸтарин даргириҳо ĸўмаĸ ва дастгириҳои дигар минтақаҳои ĸишварро дарĸ ва эҳсос меĸунад, леĸин бошандагони ин маĸон худ дар байни оташанд ва гоҳ- гоҳ ин ҳамлаҳо ба амал омада меистанд.

Ба назари ҷониби Қирғизистон чунин менамояд, ки халқи тоҷик сабр мекунаду заминҳои худро осон ба онҳо тақдим мекунад. Вале онҳо азму иродаи мардуми тоҷикро нодида мегиранд. Халқи тоҷик бо мардони бо нангу номус ва ватандўсту меҳанпараст номдор гаштааст.

 

Азимова Н.С.- дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосир

You might also like