Кӯмаку дастгирии зарардидагони муноқишаҳои наздисарҳадӣ

 

Субҳи имрӯз гурӯҳе аз муҳассилин ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади кӯмаку дастгирӣ ба зарардидагони муноқишаҳои наздисарҳадӣ ба шаҳри Исфара сафар намуданд. Беш аз 50 нафар донишҷӯён барои барқарорсозии хонаҳои сокинон ва муассисаҳои иҷтимоии деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, ки зимни муноқиша вайрон шуда буданд, кӯмак карданд. 

Зимни сафарбарии донишҷӯён роҳбари донишгоҳ иброз дошт, ки кӯмаку дастгирии ҳамватан аз дӯстдории сарзамин хоки поки меҳан ва ватандӯстӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин рӯзҳои барои мардуми қисме аз деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара мушкил, ки хонаҳояшон аз тири душман вайрон гардид, кӯмак намудан, дасти ёрӣ дароз кардан гувоҳи ҷавонмардиву меҳанпарастист. 

Чанде қабл бо ибтикори раёсати донишгоҳ  ба се оилаҳои маҳаллаи наздисарҳадии деҳаи Боғистони шаҳри Исфара, ки зимни муноқиша пурра вайрон гардида буд, кӯмакҳо аз қабилӣ кӯрпаву болишт, кӯрпача ва дигар лавозимоти рӯзгор дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, ба МТМУ №64 , 30 адад миз ва 64 адад курсӣ тақдим гардид. Кормандону устодони донишгоҳ маоши якрӯзаашонро чун кӯмак ба зарардидагони аҳолии деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ҷудо намуданд. Инчунин борҳо чароҳатбардоштагони муноқиша аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ аёдат карда шуданд.

Аз рӯзҳои аввали муноқишаҳои сарҳадӣ ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ барои ҳифзу ҳимояи Ватан дар канори сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ қарор дошта, омодагии ҳамаҷонибаи хешро барои ҳифзи якпорчагии меҳан, ҳимояи барзу буми кишвар ва садоқати хешро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон доданд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like