Рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону донишмандон, забоншиносон иштирок ва баромад карданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни ҳамоиши илмиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ бо ташкили конференсияи илмӣ таҳти унвони «Рушду такомули забони давлатӣ дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори дигар арзи эҳтироми самимии аҳли донишгоҳро ба ин муқаддасот ифода месозад. Масоили забону фарҳанг ҷузъи ҷудонопазир ва рукни муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири рушду такомул бахшидани арзишҳои моддию маънавӣ ва гиромидошти рукнҳои муҳими давлатдорӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Роҳбари донишгоҳ илова кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи танзим ва ба тартиб даровардани забони адабии тоҷикӣ корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани чандин санадҳои муҳими давлатӣ, муқаррар шудани Рўзи забони давлатӣ ва ба феҳрасти ҷашнҳои умумимиллӣ ворид гардидани он ба аҳли ҷомеа бори дигар истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани онро таъкид мекунад. Ин иқдомҳои шоиста дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон монда, ифодагари сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ мешавад.
Дар идомаи конференсия як зумра олимону забоншиносон- профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Туғрал Шокиров дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ ва паҳнои он дар замони Истиқлоли давлатӣ”, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Толиб Ваҳҳобов таҳти унвони “Забони давлатӣ ва баъзе аз масъалаҳои имло”, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Муқаддас Каримова зери номи “Забони тавоно ва ширину гуворо” ва маърӯзаи дотсенти дигари кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Дилрабо Раҳматова дар мавзӯи “Рушди забони давлатӣ аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат” шунида шуд.
Иброз гардид, ки дар сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар савияи баланд омўхтани забони давлатӣ омили муҳими устувории давлат, сулҳу осоиштагӣ, пешравии истеҳсолот ва ташкили зиндагии шоста маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, насли имрӯзу ояндаи ин забони нобу тавоноро ба ҳифзи покизагӣ ва рушду такомули ҳамаҷонибаи он чун забони коргузории давлатӣ, фарҳанг ва илму техникаи муосир ҳидоят менамояд. Пешвои миллат дар шароити нави таърихӣ ва рушду нумўи босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятию ҳуқуқӣ бо воситаю омилҳои маъмулу пазируфташуда –забон, мерос, ҳуввият ва асолати миллати худ таҳкурсии мустаҳками ояндаи дурахшони чомеаи навини тоҷиконро бунёд намуданд.
Бо қадршинросии ғолибони озмуни ихтирокори ҷавон конференсия ба интиҳо расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














