ДДҲБСТ: Оғози ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Нижний Новгород
Соли равон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Нижний Новгороди ба номи Н.А. Добролюбов ва ДДҲБСТ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, чопи маводҳои илмӣ, таҳрир ва тақризи маводҳои илмии олимону муҳаққиқон ва донишҷўён, баргузории конференсияҳо ва мизҳои мудаввар, шомил будани олимон ба Шўроҳои диссертатсионӣ ва ғайра ба роҳ монда шуданд.
Дар доираи барномаи табодули академӣ донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Нижний Новгороди ба номи Н.А. Добролюбов (ДДЗН) – Арина Краюшкина, Валерия Орехова ва Валерия Пушкарева дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 17 сентябр то 1 октябри соли 2022 таҷрибаомӯзӣ карданд. Донишҷӯёни номбурда дар баробари таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯёни ДДҲБСТ силсилачорабиниҳо доир намуданд. Бахусус, дар чорабиниҳо доир ба таърихи шаҳри Нижний Новгород, имкониятҳои таҳсил ва нақшаи дурнамои ҳамкориҳо байни ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия, масъалаҳои экология ва ғайра аз ҷониби таҷрибаомӯзон маълумот дода шуд.
Чорабинии доирнамудаи донишҷӯёни номбурда бахшида ба фарҳанги рус хеле диққатҷалбкунанда буд, ки дар он иштирокчиён бо рақси миллии рус, анъанаҳои фарҳангии Нижний Новгород шинос шуданд ва бо услуби хохлома ранг кардани расмро ёд гирифтанд.
Муаррифии бозии интерактивии симулятсияи «Модели СҲШ» аҳамияти муҳим дошт. Чорабинӣ бо истифода аз презентатсия доир гардида, донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ дар баробари бо хусусиятҳои чунин бозӣ шинос шудан, имконият пайдо карданд, ки дар онлайн-конфронси байни ДДҲБСТ ва ДДЗН, инчунин Донишгоҳи давлатии Бухоро иштирок намуда, баромадҳои коршиносонро дар бораи ” Модели СҲШ” шунаванд.
Ҳамзамон, дар доираи барнома таҷрибаомӯзон бо ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва Қасри Арбоб, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки ин оғози ҳамкориҳо маҳсуб ёфта, тибқи шартнома ва нақшаи муштарак байни Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Нижний Новгороди ба номи Н.А. Добролюбов ва ДДҲБСТ дар самти рушди ҳамкориҳо корҳои муҳим амалӣ хоҳад гашт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа