Падидаҳои номатлуб ва мубориза ба он

Ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз амалҳои ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ шинохта шуда, нафари дастдошта ба он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гарда мешавад.
Бо мақсади фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва мубориза ба ин падидаҳои номатлуб мунтазам дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо ва дарсҳои тарбиявиву маҳфилҳои маърифатӣ ташкилу баргузор карда мешаванд.
Дар аксар вохӯриҳои судманд намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва коршиносон ҷалб мегарданд.
Ҳассосияти вазъи сиёсии кишварҳои олам, афзоиши гурӯҳу равияҳои манфиатҷӯву манфиатхоҳ дар минтақаҳои гуногун ҳар сокини сайёраро водор месозад то хафви терроризму экстремизмро аз ҳар вақти пеш бештар эҳсос намояд.
Вазъи кунунии ҷаҳони муосир водор месозад, ки ҳар мамлакат дар ҳифзи Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ бошад.
Баргузории дарсҳои кушоду тарбиявӣ ва мулоқоту вохӯриҳо дар донишгоҳ низ бо мақсади фаҳмонидани ҳадафҳои нопок ва мақсадҳои пасипардагии гуруҳҳои радикалӣ роҳандозӣ шуда, ҷавонон махсусан аз муҳассилин даъват карда мешаванд, ки бо дарки баланд аз ҳифзи ормонҳои давлатӣ, суботу ороми ва амнияту осоиш ба омӯзиши амиқ машғул гардида, соҳиби донишҳои муосир гарданд ва мутахасиси варзида ба камол расида, ба миллату давлат садоқатмандона хизмат намоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like