ЗЕРИ ТИРУ ТУФАНГ МУРДАН БЕҲ, АЗ ЗЕРИ НОМУСУ НАНГ…

Муноқишаҳои байнисарҳадие, ки рӯзҳои 16-18-уми сентябри соли ҷорӣ байни тоҷикону қирғизҳо ғайричашмдошт рух дод, ҳар шахси солимфикрро ба андешаи чуқур водор месозад, чунки ин ду миллати ҳамсоя решаҳои пайвандии куҳан доранду аз азал беягон моҷарову дасиса дӯстона умр ба сар мебурданд. Аз замони Истиқлолияти давлатии Қирғизистон ба ин кишвар шахси ботадбиру бомаърифат, олим Аскар Акаев роҳбарӣ кардан, пайвандии ин ду кишвари ҳамҷавор бисёр ҳам хуб гардида, мардуми ин кишварҳо дар хусуси ҳудуду сарҳадҳо ягон хел фикру андешае надоштанд. Ҳамин гуна амалҳои неку хайрхоҳона дар замони дигар роҳбарони даври қирғизҳо идома ёфта буд. Акнун бошад баробари ба сари қудрати қирғизҳо омадани сарвари кунунӣ Содир Жапаров муноқишаҳои байнисарҳадӣ ба амал омада, аз они ману ту карданҳо тез-тез садо дода истодааст.

Ба назари мо, ҳуҷуми нобаҳангоми қирғизҳо ба аҳолии сарҳадии тоҷикон онро нишон медиҳад, ки артиши қирғизҳо аз рӯи фармони роҳбари давлати худ амал карда, оромию осудагии аҳолии бегуноҳро пурра халалдор намуданд. Ба ҳуҷуми нобаҳангоми қирғизҳо артиши тоҷикон ҳам ҷавоб гардонида, аҳолии худро аз биму ҳарос муҳофизат намуданд. Албатта паси чунин муноқишаҳои яроқнок, аз тӯпу танк тир паронидани қирғизҳо вайрониҳо ба вуҷуд омад. Чанд оилаи байнисарҳадии тоҷикон, аз он ҷумла, худи қирғизҳо ҳам азият диданд. Муноқиша ҷони чанд нафарро аз ҳарду ҷониб рабуд. Шахсони бегуноҳ зери тиру туфанг мурданд. Баъд аз чанд рӯз бо пешниҳоди роҳбарони тоҷикон гуфтушунид ба амал омада, сулҳ баста шуду оромию осудагӣ ҷои харобкориву вайронкориҳоро гирифт, лекин баъди ин рӯзҳо хабари беасоси тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Миллали Муттаҳид расонида шуд. Ин хабар пур аз бӯҳтону иғво буда, шахси хабаррасонро зери номусу нанги якумра мемононад. Ҳақиқат ин аст, ки дар сарҳадҳои мобайнӣ ҳуҷумро аввал қирғизҳо сар карданд-ку, амали ноҷавонмардона аз тарафи онҳо оғоз шуда, оромии байнисарҳадии ин ду қавмро халалдор ва хуни чанд нафар мардуми бегуноҳ ноҳақ рехта шуд. Иттилои роҳбари қирғизҳоро ҷаҳониён таҳлил карда, онро беасос, бӯҳтон, далели кинаҷӯёна, гузориши роҳбари бехирад, гунаҳкори гуноҳи худро пинҳонкунанда маънидод намуданд.

Мо ҳам дар ҳамин сарҳад зиндагӣ мекунем, аз таъриху муносибати ин ду қавми ҳамҷавор огоҳ ҳастем. Масалан, медонем, ки мавзеи Андарақ, маҳалли тоҷикнишин буда, ба уезди Хуҷанд дохил мешуду топоними он “Андар дарахт” асту решаву баромади тоҷикӣ дошт. Номҳои гирду атрофи мавзеҳои дигари он Тагоб, Чурбак, яъне Чорбоғ, Маргум-Моргум решаю этимологияи тоҷикӣ доранд. Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки ин ҷойҳоро тоҷикон бунёдгузорӣ намуда, номҳояшонро тоҷикӣ гузошта будаанд.

Далелу асосҳои ҳақиқии таърихро бо ин мақсад ифшо намудем, ки ҷангу муноқишаҳои рухдода раъйи мардуми оддии қирғиз набуд, балки ин ягона хоҳиши роҳбарони ҳозираи қирғизҳо буду халос. Илова бар ин Қирғизистон яке аз кишварҳои ҳудудаш паҳнои аҳолияш нисбатан каму сермоҷарои Осиёи Миёна буда, чанд маротиба паси моҷарову хунрезиҳо роҳбарони аввали давлати худро боасосу беасос сабукдӯшу маҳбас кардаасту аз зодгоҳаш берун намудааст. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Қирғизистон як сотиқ зиёд, ё як гектар кам бошад ҳам, дар харитаи ҷаҳон ҳамон Қирғизистон аст. Бинобар бо ширкати ҷомеаҳои масъули ҷаҳонӣ бемуноқишаву хунрезӣ ҷудо кардани ҳудуди ин ду кишвари ҳамсоя талаботи ҳарчи зудтари замон аст.

Акси ин ҳол мардуми тоҷик ботамкину хирадманд асту кайҳо ҷангдида, оқибатҳои харобиовари онро чашида, натиҷаҳои талхашро санҷида, ҳеҷ гоҳ ба сари миллати дигар ё ҳамсояву ҳамҷавори худ муште набардоштааст ва нахоҳад бардошт. Дар чунин маврид хирадмандони тоҷик чунин зикри ҷолиб намудаанд:

Чархи гардун аҷаб хуштоҷро бетоҷ кард,

Оқибат шоҳро ба каҷкӯли гадо мӯҳтоҷ кард.

 

Кенҷаев Юсуфҷон – и.в. мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like