ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН!
Дар ҳақиқат, истиқлол барои давлати азизамон-Тоҷикистон хеле дастоварди бузург ва волотарин арзёбӣ мегардад. Баъди гузашти даҳ аср дубора давлатдории миллӣ 31 сол муқаддам ба даст омад. Лекин, душманони дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистони нав истиқлолият ба даст оварда, ҷанги хонумонсӯз оғоз намуданд.
Барои хотима додани ин ҷанги даҳшатнок шахсе лозим буд, ки онро мардум бовар кунанд, оромиро дар пойтахт ва вилоятҳои ҷангзада барқарор намояд, тамоми гурезаҳои халқи тоҷикро ба ватан баргардонад ва Тоҷикистонро аз нестшавӣ раҳоӣ диҳад.
Хушбахтона, ҳамаи мо бохабарем, ки дар сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992, чунин шахс, инсоне, ки боиродаву боматонат, нотарс ва шуҷоъ ба майдони сиёсат қадамҳои устувор гузоштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ мамлакатро аз несту нобудшавӣ нигоҳ доштанд. Роҳбари тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро аз ба эътидол овардани давлат ва ба Ватан баргардонидани гурезагони тоҷик оғоз намуданд. Албатта, ин кори саҳл ва осон набуд, боварии комил дорем, ки ягон шахсе дигар ин корро карда наметавонист, ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷонашонро ба хатар гузошта, ин корро иҷро намуданд. Баъдан ҳамагон медонем, ки хеле корнамоиҳои зиёде карда (ҳамаашро дар ин ҷо намеорем), ниҳоят сулҳи деринтизорро ба ватани азизамон Тоҷикистон оварданд. Зери калимаи “Сулҳ” корнамоӣ ва қаҳрамониҳои зиёди Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳон аст.
Тамоми шаҳрвандони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна расонаҳову хабарҳои беасосу иғвоангез, ки аз ҷониби ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву бегона паҳн мешавад, бовар накунем. Лозим аст, ки ҳамешагӣ ба ин осмони софу беғубори Тоҷикистони азизамон садҳо, ҳазорҳо шукрона кунем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем. Ба хотири ободу зебо гаштани Ватанамон, бо дарки баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ талош варзем.
Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои
риёзӣ-табиатшиносии муосир, дотсент