БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН ҲАМЕША ОМОДАЕМ
Бо гузашти 31 сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Бахши аъзами минтақаҳои баҳсӣ дар марзи байни Исфараву Бобоҷон Ғафуров ва Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудаанд.
Яке аз нуқтаҳои доғтарини ин марз байни маҳаллаи Сомониёну деҳаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворухи Тоҷикистон ва ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ҷойгир шудааст.
Новобаста ба ин, вазъият дар марз ҳоло ҳам, баъзе аз нохоҳони тинҷиву оромӣ кӯшиш намуда истодаанд, то вазъиятро боз ҳам мураккаб созанд ва хусуматро байни ду халқ бад намоянд.
Барои мисол чанд вақт пеш маълумоте, паҳн гардида буд, ки гӯё сарзаминҳои қирғиз будани Ҷиргатолу Мурғоб ҷои баҳс надорад ва дар харитаи соли 1925 онҳо ба ҳайъати вилояти мухтори Қара-Қирғизистон шомил мешуданд, вале баъд барои ташкили вилояти мухтори Бадахшон ба Тоҷикистон дода шуданд. Ва ҳатто номи шаҳри Хуҷанд ҳам гӯё решаи туркӣ дошта бошад.
Ин гуфтумонҳои намояндагони қирғиз дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст, ки пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи ҳам муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳам дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Ҷавобан ба ин гуфтаҳои ҷониби қирғизҳо маълум менамоем, ки шаҳри Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқи сарчамҳои таърихӣ шаҳри мазкур дар асрҳои VII-VI то милод ба вуҷуд омадааст. Шаҳри Хуҷанд диёри як қатор математикон, табибон, муаррихон, шоирону нависандагон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Муҳаммадаминхӯҷа Кошиф, Тошхӯҷаи Асирӣ ва садҳои дигар намояндагони миллати тоҷик аз шаҳри Хуҷанд мебошанд. Магар ин бузургон ягон калима бо забони қирғизӣ эҷод кардаанд? Албатта накардаанд. Агар як калима аз эҷодиёти ин бузургонро ба дигар миллатҳо диҳем онҳо муҳтоҷи тарҷумон хоҳанд шуд. Пас маълум мегардад, ки ҳазорсолаҳо пеш аҷдодони мо дар шаҳри Хуҷанд бо забони тоҷикӣ шеър мегуфтанду асар эҷод мекарданд. Мо ҳоло дар бораи Рӯдакиву ва садҳо шоири пеш аз ӯ, ки бо забони тоҷикӣ асарҳо эҷод кардаанд, сухан нагуфтааем. Танҳо ҳамин мисол кофӣ аст, ки мо тоҷикон дар ин сарзамин халқӣ таҳҷоӣ ҳастем ва соли 2020 таҷлили 5500 солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Албатта, мавриди зикр аст, ки 5500 солагии Саразм аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардидааст.
Акнун биёед каме ба таърихи халқи қирғиз назар меафканем. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи пайдоиш ва ташаккули халқи қирғиз маълумотҳо гуногун мебошанд. Вале, ба гуфти археолог ва шарқшиносон В. В. Радлов, В. В. Бартольд, А. Н. Бернштам ва О. К. Караев ҷойгиршавии халқи қирғиз дар сарзаминҳои ҳозираи Қирғизистон якчанд марҳиларо аз сар гузаронида, он дар асрҳои IХ оғоз гардида, дар асрҳои ХV ҷамъбаст гардидааст. Ба ҳама маълум аст, ки то ин замон халқи қирғиз дар назди дарёи Енисей, ки ҳозира дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия ҷойгир шудааст қарор доштанд. Як қатор сарчашмаҳо ва бозёфтҳои таърихие вуҷуд доранд, ки алоқамандӣ доштани қирғизҳои ҳозираро бо қирғизҳои назди дарёи Енисей тасдиқ менамоянд. Зеро халқи ҳозираи қирғизҳо дар натиҷаи омехташавии халқҳои қирғизҳои қадима, яъне қирғизҳои назди дарёи Енисей, қарлуқҳо, қипчоқҳо ва муғулҳо ташаккул ёфтаанд. Яъне аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки халқи ҳозираи Қирғизистон дар асрҳои IХ то ХV аз назди Дарёи Енисей (тақрибан 4 ҳазор километр аз ҳозира Қирғизистон дур мебошад) ба ҳозира Қирғизистон муҳоҷир гашта, ҷойгир шудаанд. Яъне сарзамини таърихии халқи қирғиз дар назди дарёи Енисей ба ҳисоб меравад, ки дар минтақаи Сибири Федератсияи Русия қарор дорад.
Ҳамзамон Қиёс Муллоқосимов мегӯяд: “Барои мисол, номгузориҳои мавзеъҳои атрофи Хуҷанд: Қирқ Қиз бейити, Қирқ Уул, Нариман, Жоо Кесек, Кожо Бакирган (Хоҷа Боқирғон)… Худи Хуҷанд ҳам аз туркист, на аз форсӣ ва маънояш қароргоҳи хоҷаҳост. Ин шаҳр номи худро дар давроне гирифтааст, ки дар Тӯрон хоҷаҳои араб муқим мешуданд ва ин шаҳр ба мардуми туркзабон, аз ҷумла ба қирғизҳо рабт дошт.”
Доир ба ин, гуфтан ва ба профессори иғвоангез расонидан лозим аст, ки мо дар бораи шаҳри Хуҷанд дар боло гуфтем ва доир ба номгузориҳои мавзеҳои атрофи Хуҷанд боиси қайд аст, ки дар худи Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳатто дар Хитой номҳои ҷуғрофие ёфт мешаванд, ки онҳо решаи тоҷикӣ доранд. Гарчанд дар ин ҳудудҳо номҳои дорои решаи форсидошта мавҷуд буда, аҳолии тоҷикзабон истиқомат дошта бошад ҳам, мо ин ҳудудҳоро ҳудуди марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон намеҳисобем, зеро ин аз рӯи харитаи ҷуғрофӣ ба дигар мамлакат мансуб мебошад.
Ин як баҳси беохир буда, чунин баҳсҳо танҳо барои вайрон намудани муносибати ду давлат ва халқиятҳо оварда мерасонаду халос. Барои мо тоҷикистониён ягон ваҷаб замини бегона лозим нест. Баробари ин мо ягон ваҷаб замини худро ба бегонагон ҳаргиз нахоҳем дод.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шӯъбаи
таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ