ВАҲДАТ –ПОЯИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеа шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.

Иҷлосияи сарнавиштсози Шурои Олӣ ва сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ин сароғози наҷоти миллат аз парокандагӣ ва гузоштани хишти нахустини бинои сулҳ ва ваҳдати Тоҷикистон буд.

Дар Иҷлосияи 16-умин Шурои Олӣ барои расидан ба сулҳ ва ваҳдат замина гузошта шуд. Дар таърихи 26-уми ноябри соли 1992 дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ баргузор гардид,ки он нахусзамина ба сулҳу оштии миллии тоҷикон маҳсуб мегардид.

Бо имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар пешрафти кишвар давраи нав шуруъ шуд, ки ба туфайли он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иқдомҳои ҷиддӣ руи кор омаданд. Сарвари давлат дар ваъдаи дар Иҷлосисияи додаи хеш вафо карданд ва ба мардуми аз ҷанги бемаънӣ азияткашида сулҳ оварданд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ин дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони Истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофаририи  тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Давраи якуми музокироти сулҳи байни тоҷикон аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Оид ба барқарории сулҳу мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистони ҳамагӣ 8 даври музокирот гузаронида шудааст.

Давраи якуми музокирот дар шароити мураккаби вазъияти низоми сиёсӣ амалҳои мухолифин ба миён оварда, ки қисмати асоси онҳо дар урдугоҳҳои наздики шаҳрҳои Қундуз, Тулуқон, Хоҷагар ва Файзобод гирд омада баргузор гардид.

Қад-Қади тамоми марзи Тоҷикистону Авғонистон ҷабҳаҳои Шаҳритузу Қубодиёни (Ҳазрати Алӣ) Панҷ, Кулоб, ва Бадахшон ташкил ёфта буданд, ки дар онҳо зиёда аз10 ҳазор ҷанговарон ва муҷоҳидони авғон меҷангиданд.

Дар миёнаҳои моҳи майи соли 1995 вазъият дар Тоҷикистон бо айби мухолифин якбора шиддат ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмолмалӣ Раҳмон чанд дафъа пешниҳод намуданд, ки шахсан бо сардори Иттиҳоди мухлифони тоҷик Саидабдуллоҳи Нурӣ вохӯранд. Сарвари давлат муътаид буд, ки маҳз ҳамин мулоқоти шахси метавонад ба тамоми ҷараёни музокирот такон бахшад.Аз 19 то 26 апрели соли 1995 баъди машварат дар Маскав Президенти вақти Авғонистон Б.Рабонӣ Кобулро ба сифати ҷойи мулоқот пешниҳод намуд, ки он 17-19 майи соли 1995 гузаронида шуд.

Дар мулоқоти таърихи изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҳаракати наҳзати исломи Тоҷикистон С.Нурӣ қабул карда шуд. Дар он қайд гардида буд, ки ҷонибҳо дар вақти мулоқот омодагии худро барои ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар собит сохтанд, роҳ надодан ба идомаи беинтиҳои низоъҳо байни тоҷикон, ба даст овардани ризоият, созишномаи Теҳронро ба муддати се моҳ тамдид намудан, бозгардонидани ҳамаи гурезаҳо ба ҷои истиқомати доимиашон, ба даст овардани суботи комили вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон.

Аз 22 май то 1 июни соли 1995 дар ш.Алма –Ато бо иштироки низомони Авғонистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Федератсияи Рассия, Ӯзбекистон, СММ, Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо ва Созмони Конфронси Исломӣ даври навбатӣ- даври чоруми музокироти байни тоҷикон оид ба мусолиҳаи миллӣ баргузор гардид.

Дар риштаи сиёсӣ музокирот ба бунбаст ру ба ру шуда буд, масъалаҳои танзими сиёсӣ баррасӣ намегардиданд. Барои раҳоӣ аз ваъзи ба вуҷуд омада, 19 июли соли 1995 Эмомали Раҳмонов ва А. Нури бори дигар дар Теҳрон мулоқот намуданд.Онҳо тасмим гирифтанд ки бо иштироки баробари намояндагони ду ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии халқҳои Тоҷикистонро таъсис медиҳанд.

Давраи панҷуми музокироти байни Тоҷикон 30 ноябри соли 1995 дар Ашқобод гузаронида шудю Музокироти Ашқобод, бинобар сабаби амалёти ҷанги тира огоз гардида танҳо 7 декабри соли 1995 маҷлиси умумии он гузаронида шуд. Даври панҷуми музокироти байни Тоҷикон дар се марҳилла баргузор гардид.

Марҳилаи хотимавии музокироти байни тоҷикон дар моҳи декабри соли 1996 вақте огоз гардид, ки ҷонибҳо ба ҳалли масъалаҳои асосо муайянкунандаи мушкилоти сиёси пардохта, аввалин бор дар тамоми муддати музокирон Созишномаи оташбас миёни ҷонибҳои даргир иҷро гардид.

Аз 13 то 19 соли 1996 дар Маскав музокироти байни Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомали   Раҳмонов ва пешвои ИМТ А.Нури баргузор шуд.

Муҳимияти санадҳои дар Маскав ба имзо расида дар он буд ки онҳо на танҳо ҳолати оташбасро барои тамоми вақти гузаронидани музокироти байни тоҷикон даролд карданд, балки аввалин бор муҳтавои давраи гузаришро аз ҷанг то сулҳ ва механизми ба даст овардани мусолиҳаи миллии Тоҷикистонро муайн сохтанд.

Аз соли 1994 то соли 1997 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ИМТ 8 даври музокироти байни тоҷикон, миёни Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон ва роҳбари ИМТ Саид Аблулло Нури якчанд вохуриҳо дар сатҳи оли гузаштааст. Ин музокирот таҳти сарпарасти СММ ва бо иштироки кишварҳои кафил Рассия,Эрон, Қазақистон, Қиргизистон.

Созмонҳои гайридавлати ҳаракатҳои мардуми ва ҳизбҳои сиёси, босарвари мардуми кишвар, аз ҷумла гуруҳҳои сиёси нисбат ба сарвари давлат омилҳои мусоидаткунандаи татбиқи нақшаҳои асоси ба шумор меравад.

Кӯшишҳои мунтазами Сарвари давлат, хирадмандӣ ва фарҳанги олии мардуми шарифи тоҷик барои ба даст овардани натиҷаҳои зарури мусоидат намуданд.

Раванди мушкили музокироти байни тоҷикон рузи 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хотима ёфтааст.

Имрӯз мо фахр мекунем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон мавриди ибрат гардида, ҳамчун таҷрибаи беназир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст.Таърихи башар ҳодисаи дар чунин як муддати кӯтоҳ ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ ва бо таваффуқ омадани ягон ҷониберо надидааст. Вақте, ки тарафҳои даргир барои рушди фаъолияти созандаи дастгоҳи ягонаи давлатӣ, баҳри шукуфои Ватани худ дасти ҳамдигарро мегиранд, чунин комёбӣ муяссар мешавад.

 

Абдуллоев О.А. – дотсенти кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like