ДДҲБСТ: Пирӯзии навбатӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ
Ҳукумати мамлакат дар катори дигар соҳаҳои хаёти кишвар дар самти варзишу тарбияи чисмонӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, шароити мусоид муҳайё намудааст. Ҷавонон бо истифода аз шароити созгор дар баробари донишандӯзӣ ба машқу тармим машғул шуда, дар мусобиқаҳои варзишии минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар симои чунин ҷавонон донишҷӯи бахши 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ, Абдуллоев Абдумалик Фурқатҷоновичро мебинем. Мавсуф, дар мусобиқаи ҷаҳонии “NPA WORLD POWERLIFTING-2022”, ки дар шаҳри Екатеринбурги Фередатсияи Русия, санаҳои 17-18 сентябри соли равон баргузор шуд, иштирок намуд. Номбурда дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки миёни зиёда аз 35 давлат сурат гирифтааст, сазовори ҷои якум гашта, парчами Тоҷикистонро баланд бардошт.
Абдумалик Абдуллоев дар риштаи варзиши “Поверлифтинг” дорандаи унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади Устоди варзиши Федератсияи Русия мебошад. Ҳамзамон, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он фаъолона иштирок намуда, панҷкарата Чемпиони Ҷумурии Тоҷикистон, яккарата Чемпиони Осиё ва дорандаи зиёди медалу ифтихорномаҳо аст.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз пирӯзии навбатии Абдумалик Абдуллоев хушҳол буда, барояш саломатии бардавом, дили пур аз меҳри Ватан ва муваффақиятҳои беназирро дар набардҳои байналмилалӣ таманно доранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






