БЕНАЗОРАТИИ ФАРЗАНД ДАР ИСТИФОДАИ ТЕХНИКАҲОИ ИТТИЛООТӢ БОИСИ ИФРОТИШАВИИ Ӯ ХОҲАД ШУД

Ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм ба ҷомеа хатари ҷиддӣ дошта, оқибатҳои нохуб дорад. Аз ҷумла, имрўз аъзоёни гуруҳҳои фаъолияташон мамнуъ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин сомонаҳо кушода, амалҳои номатлуби хешро тарғибу ташвиқ менамоянд, даҳчанд афзудаанд. Ин тоифа мардум кўшиш менамоянд сулҳу суботи пойдорро дар кишвар халалдор сохта, ба манфиати шахсиву гуруҳии худ амал намоянд.

Дар шароити имрўза дар ҷомеа хурду калон ба истифодаи телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо рағбати зиёд доранд. Ба ин тариқ, дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ ба ҳамагон осон ва қулай гардидааст. Аммо, посухи амиқе гуфтан мушкил аст, ки наврасону ҷавонон аз шабакаҳои интернетӣ бо кадом мақсад истифода мебаранд? Зеро, рафтору кирдори номуносиб, дур гаштан аз китобу китобхонӣ, беэҳтиромӣ нисбати калонсолон ва ҳамдигар, ҳавасмандии онҳо ба бозиҳои интернетӣ ва ё пайвастшавӣ ба сомонаҳои гуногун аз беаҳамиятиву дур аз тарбия монданашон шаҳодат медиҳад.  Ҷоизи қайд аст, ки борҳо аз ҷониби масъулин, омўзгорони муассисаҳои таълимӣ бобати истифодаи телефонҳои мобилӣ қонунҳои ҷоригардида амалан татбиқ шуда, корҳои фаҳмондадиҳиву маҷлиси падару модарон, чандин вохўриву мизи мудавварҳо баргузор гардида бошад ҳам, то ҳанўз чашмрас аст, ки баъзе падару модарон нисбати ин масъала муносибати ҷиддӣ накарда, тарбияву назорати фарзандонро танҳо ба зиммаи мактабу омўзгор во гузоштаанд.

Аммо, худ дарк кардан намехоҳанд ва ё дарк намекунанд, ки  бо бастани як тарафи арғунчак арғунчакравӣ карда намешвад, яъне мактабу омўзгор бе ҳамкории падару модарон дар ҳалли ин масъала оҷиз аст.

Зеро, харидории телефонҳои мобилӣ, пардохти пайвастшавӣ ба интернет бо дастгирии падару модарон амалӣ мегардад ва кўдакон ноогоҳона ба сомонаҳои гуногун, ки ба гуруҳҳои хатарафзо тааллуқ доранд,  ворид  мешаванд, ки ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Боиси қайд аст, ки  мутобиқи қонунҳои муқарраргардида, падару модаронро лозим аст, завқи телефондўстии фарзандонашонро паст намоянд, дар таълиму тарбияи онҳо муносибати ҷиддӣ дошта бошанд, аз харидории телефонҳои мобилии калонҳаҷми сенсорӣ даст кашанд, ҳангоми кор бо шабакаҳои интернетӣ паҳлуи фарзандонашон истода, аз мақсади истифодабарии онҳо огоҳ бошанд.

Воқеан, мақсаду мароми тарғибгарони гуруҳҳои ифротӣ ҷалби наврасону ҷавонон ба амалҳои номатлуб аст, ки сафи онҳоро афзоиш ва хиёнаткориашонро идома медиҳанд. Ва тарзи корбарии  ин нафарон аз таъсиррасонӣ ба ҳолати равонии ҷавонон ва наврасони сатҳи дониш, маърифатнокӣ  ва ҷаҳонбиниашон нокифоя иборат аст. Ҳамин тавр, ин афрод хоҳони онанд, ки ҳуввияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ, ҳисси ватандўстию инсонгароиро, ки дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҷой гирфтааст, аз қалби онҳо берун сохта, ҷойи онро бо колои кинаву адоват, хусумату ҷаҳлу ситеза, душманӣ ва хиёнатпешагӣ пур созанд.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар ҳамкории пайвастаи падару модарон ва омўзгорон дар ҳалли масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андеша намуда, баҳри соҳибмаълумоту соҳибкасб, дурандешу масъулиятшинос ва ватандўсту ватанпарвар ба камол расонидани наврасону ҷавонон мусоидат намоем. Зеро, ҷавонон ояндаи дурахшони миллату давлат мебошанд.

 

Саломов Д.Ф. – мудири бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ

You might also like