Тарбияи ҷавонон  баҳри ояндаи неки Ватан

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, яъне иштироки ҷавонон дар ҳодисаҳои Ироқ, Ливия, Сурия, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонони гумроҳшуда ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Аз маълумоти нишасти матбуотӣ бо кормандони вазорати корҳои дохилӣ чунин бармеояд, ки аз ҷумҳуриамон зиёда аз ҳазор нафар ҷавонон ба ин гурўҳҳо шомил шуда, ба хоҷаҳои хориҷии худ хизмат  ва дар муҳорибаҳо иштирок менамоянд. Аз ҳамаи ин ҳаракатҳои ҷавонон мақомоти дахлдор бохабаранд. Чунин вазъият оқибати хуб надошта, ба шаъну шарафи миллатамон ва кишварамон иснод меорад, боиси сархамии волидон ва авлод мегардад.

Дар вохўриҳо намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷавонон бо мисолҳо мафҳуми терроризм ва экстремизмро такроран фаҳмонда медиҳанд. Донишҷўён, дар навбати худ, бо саволҳо паҳлуҳои ноаёни оқибати рафтори номатлубро фаҳмида мегиранд. Тарбияи экологии ҷавонон устувор гардида, баҳри ҳимояи табиати биҳиштосо ва иштироки ҷавонон бевосита дар чорабиниҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ниҳолшинонӣ дар маҳалҳо баҳри ободиву сабзу хуррам гаштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ ҷавонони созанда пайравони худро ёфта, ба ин кори хайру савоб ҳидоят менамоянд, ин аст саҳми ҷавонон дар ободиву тоза ва беолоиш нигоҳ доштани  муҳит дар кишварамон.

Ҷавонон имрўз баробари саҳми калонашон дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон, дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурўҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад. Вазифаи ҷонии донишҷўён, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешаванд, гирифтани пеши роҳи чунин ҷавонон мебошад. Танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун месозад ва соҳибобрў мегардонад. Ҷавонони имрўза аз ақлу завоати хеш кор мегиранд ва он осори пурѓановати гузаштаву имрўзаро барои ояндагон чун меросхўри воқеӣ, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишварро мисоли чаман мегардонанд.

Дар маҷмўъ алоқаи бевоситаи волидони ҷавонон-донишҷўён бо устодон барои тарбияи хуби насли наврас мусоидат менамояд. Онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ба бунёдкориву созандагӣ ва ободии диёр, рушди иқтисодиёти миллӣ равона менамоянд. Бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони азизро ҳифзу муҳофизат намуда, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.

Қосимова М.И. – н.и.и., муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

You might also like