Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Устодони арҷманд, донишҷӯёни азиз!
Имрӯз, тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат накўтарин ҷашнвораи миллату давлатамон– сию яксолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шумо ва кулли сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллиамон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва дар кору фаъолиятатон бурдбориҳо таманно менамоям.
Соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд. Ба ин васила ояндаи неку осоишта, зиндагии сарбаландона ва ба ояндагон ба мерос гузоштани давлати мутамаддини ҷаҳонӣ насиб гардид.
Ҷоиз ба қайд аст, ки марҳилаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси раиси он интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Маҳз ҳамин анҷумани саодати миллат ба гузоштани хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва заминаи боэътимоди сулҳу субот асос гузошта, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад ба ҳам ояду ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибтидо гузорад.
Даврони соҳибистиқлолӣ марҳалаи навини давлатдории миллӣ, давраи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, омили иттиҳоду сарҷамъӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат, дар маҷмӯъ заминаи бунёди давлати нерӯманду устувор ва зиндагии шоиста маҳсуб ёфта, дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошт ва умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан афзун намуд. Имрўз ифтихорманду сарбаланд аз онем, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ соҳиби давлати миллӣ, кишвари озоду обод гардидем. Аз ин рў, бояд ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар бо азму талоши шоиста ҳар яки мо – ҳамчун соҳибони арзандаи ин Ватан саҳмгузор бошем.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ донишгоҳи мо дар самти тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим ва ба таъмини дурнамои устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.
Эътимоду боварии комил дорем, ки ҷомеаи меҳнатии доншгоҳ ва кулли устодону мухассилини донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани падидаҳои неки ин ҷашни таърихӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Бо камоли ифтихору шукргузорӣ бори дигар дар ин айёми фараҳафзои ҷашни сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ ба Шумо рӯзгори босаодат, камолоти эҷодию маънавӣ, дар корҳои имрӯзу ояндаатон муваффақияту комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии абадӣ таманно менамоям.
Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборак!