Ҷавонон ҳамнафаси Истиқлол
Ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёни донишгоҳ дар саҳни бинои таълимии №2 чорабинии бошукуҳи шоми дӯстӣ таҳти унвони “Ҷавонон ҳамнафаси Истиқлол” баргузор гардид.
Дар шоми дӯстӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова иштирокчиёни чорабинии мутантанро ба ифтихори ҷашни муҳиму муқаддас 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият рамзи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад. Бояд ҳар сокини мамлакат махсусан ҷавонон дар ҳифзу ҳимоя ва гиромидошти ин санаи фархунда кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар идома аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ барои иштирокчиён бозиҳои шавқовар ва бурднок роҳандозӣ карда шуд, ки донишҷӯён дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Чорабинии тантанавии шоми дӯстӣ байни ҷавонон бо барномаи фарҳангӣ ва шодиву сурури донишҷӯён ба интиҳо расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










