Баргузории конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-нишони пойдории давлат ва ҳастии миллат” дар ДДҲБСТ

“Истиқлол-нишони пойдории давлат ва ҳастии миллат” таҳти ин унвон имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд. Имрӯз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат накўтарин ҷашнвораҳои миллату давлатамон – сию яксолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд, иброз намуд муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров дар оғози кори конференсия.Воқеан, соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд, илова гардид дар идомаи ҳамоиш.
Сипас як зумра олимону коршиносон – доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Мунира Акмолова дар мавзӯи “Рушди Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ Ғолибҷон Санавбаров дар мавзӯи “Истиқлолият ва ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ”, мудири кафедраи менеҷмент Фурқат Шамсиев дар мавзӯи “Соҳибистиқлолӣ ва рушди саноати миллӣ дар шароити ташаккулёбии муносибатҳои коорпоративӣ” ва докторант Комилов Мирзокомил дар мавзӯи “Истиқлолият-заминаи муҳими рушди давлатдории миллӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Қайд карда шуд, ки имрўз ифтихорманду сарбаланд аз онем, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ соҳиби давлати миллӣ, кишвари озоду обод гардидем. Аз ин рў, бояд ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар бо азму талоши шоиста ҳар яки мо – ҳамчун соҳибони арзандаи ин Ватан саҳмгузор бошем.
Бо қадршиносии ғолибони озмунҳо ва пешниҳоди барномаи фарҳангиву фароғатии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ конференсия хубу хотирмон ва дар фазои идона хотима пазируфт.

You might also like