РОБИТА ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ БО АМНИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ

Ҳодисаву воқеаҳои охири сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам махсусан дар ҷомеаҳои мусулмоннишин моро водор менамояд, ки оиди сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо андеша намоем. Зеро, наандешидан, хулосанабаровардан ва аз паи фикри он набудан, метавонад ба сари ҷомеаи мо низ масъалаҳои сиёсиву амниятиеро эҷод намуда, оромии кишварро зери суол бубарад. Мо набояд фаромўш кунем, ки дар оғози соҳибистиқлолияти давлатӣ ҷанги дохилӣ боиси даҳсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид ва мушкилотҳои зиёдеро ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон овард.

Аз ҳамин туқтаи назар, имрўз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад. Барои мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар шароити мавҷудаи сиёсиву геополитикии минтақа ва ҷаҳон ҳифзи суботу оромии дохилӣ мисли обу ҳаво муҳим ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ таъсири шабакаҳои иттилоотиву институтҳои махсуси сиёсии қууваҳои хориҷӣ ба ҷомеаи тоҷик, нисбат ба ҳар даврае бештар буда, хоҳу нохоҳ аҳли ҷомеа аз маводҳои онҳо истифода мебаранд ва зери таъсири манфии онҳо қарор мегиранд, ки дар ин росто масъалаи омўзиши шуури ҷамъиятӣ ва шуури фардӣ пеш меояд. Ва чихеле ки муҳаққиқи тоҷик С. Ятимов дар мақолаи худ қайд менамояд: «Донистани паҳлўҳои структураи шуури муқаррарӣ, омилҳои шаклгирӣ, мундариҷа, рушд ва оқибатҳои он барои шахс, ҷомеа ва давлат, системаи давлатдорӣ ҳаётан муҳим мебошад».

Дар шароити муосир, дар замони рушдии иттилоот тамоми қувваҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ  ва он нерўҳои, ки мақсадҳои ғаразнок доранд, бештар вақт тавассути ба шуури ҷамъиятӣ таъсир расонидан, амал менамоянд. Зеро, ин тактика нисбат ба ҳар тактикаи дигари сиёсӣ пинҳонтар, пурсамартар ва риски камтар дорад, яъне чунин тактикае мебошад, ки дар муддати муайян метавонад ҷонибдори пиёда кардани нақшаҳои бегонагон ва душманони хориҷиро аз дохили ҷомеа ва аз байни мардум пайдо бикунад. Чигунае  ки С. Ятимов дар мақолаи худ «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ (Шуури муқаррарӣ)» ишора менамояд: «…қисмате аз мардуми тоҷики фирефтаи бегонагон, муздурони онон … дар ишқи дигарон афсонаҳоро хостанд амалӣ кунанд, манзили худро оташ заданд».

Ҳодисаи нангине, ки мощи сентябри соли 2015 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба вуқуъ омад, далели гуфтаҳои боло мебошад. Фирефтаи бегонагон, қувваҳои берунӣ шуда, Назарзода ва дастаи ў мехост дар Тоҷикистон нооромиро ба вуҷуд биёрад. Агар ба умқи ҳодиса назар намоем, метавон дарёфт, ки як гурўҳи аҳолӣ аз лиҳози нодонӣ, манфиатҳои моливу пулӣ ва ғ. шуда, худро ба яроқи сиёсии хориҷӣён мубаддал намуда, нақшаҳои онҳоро хостан амалӣ созанд. Дар ин робита масъалаи чигунагии шуури муқаррарии гурўҳи аҳолӣ ва афроди алоҳида ҳамчун пояҳои ботили дарки воқеият мавҷуда, баромад менамояд. Он нафароне ки айни ҳол фирефтаи идеяҳои гурўҳҳои ифротӣ гардидаанд, мушкилоти онҳо низ бо масъалаи шуур алоқаи бевосита дорад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, ба андешаи мо, дар оянда ба таври васеъ омўхтани мавзўи шуури муқаррарии ҷомеа, пайдо намудани мушкилотҳо, мушаххас намудани муаммоҳо ва пешниҳод кардани тавсияҳои созанда барои раҳоӣ бахшидани шуури ҷамъиятӣ аз хатарҳое, ки ба амнияти миллӣ, суботи давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд, бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Саидзода Ш.Ш. – н.и.с., мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like