Таҷлили Рӯзи дониш дар ДДҲБСТ
Субҳи якуми сентябри соли 2022 саҳни бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро донишҷӯён барои оғози соли нави таҳсили 2022-2023 ва истиқбол аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ сарҷамъ гардида буданд. Намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд номаҳои табрикотии раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба самъи иштирокчиён расониданд.
Сипас, ректор донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиён, корманду устодон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил шодбош намуда, иброз кард, ки имсол, Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар фазои бошукўҳи идона аз таҷлили накўтарин ҷашнвораҳои миллату давлатамон – сию яксолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сисолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Ҳамасола, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
Рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва музаффариятҳои паёпай, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки аз файзи истиқлолу озодист, илҳомбахши фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ гардид. Ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифати таҳсилот, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ворид шудани донишгоҳ дар радифи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз саъю талоши устодону донишҷӯён ба даст омаданд. Бахусус, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ аз музаффариятҳои донишгоҳ аст, ки самараи меҳнати софдилонаю содиқонаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ арзёбӣ мегардад. Дар кўтоҳтарин фурсат бунёди бинои нави таълимии дорои пойгоҳи мустаҳкаму муосири моддиву таълимӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ, парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани мутахассисони баландихтисос, омӯхтани забон ва таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати муҳассилин ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ мусоидат менамояд, илова намуд Шарифзода М.М.
Ҳамзамон дар идома профессори кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ, дорандаи унвони ифтихории “Корманди шоистаи Тоҷикистон” Шокириён Туғрал ва чанде аз донишҷӯён перомуни рушди соҳаи маориф ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардида ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳо ба донишҷӯён-ғолибони озмунҳо ифтихорномаву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














