ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ МИЛЛАТ

Бақои миллат ва пешравии давлат аз роҳбари сулҳпарвар ва инсондӯст вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст. Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва дар тӯли 30 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллат ҳадя намуд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва аз худгузаштанҳо борҳо бо мухолифини сиёсии кишвар дар ваъзиятҳои бениҳоят мураккаби сиёсиву ҳарбӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки даст ба дасти ҳам диҳему сарзамини аҷдодии хешро ободу зебо намоем ва ба ин ҳадафи неку инсондӯстонаашон расиданд.

Аммо, воқеахои солҳои охир дар Афғонистон ва густариши чуғрофиёи фаъолияти ҷунбиши “Толибон” дар Афғонистон нишон медихад, ки боз як марҳилаи навсозии иҷтимоию сиёсии ҷомеа ноком шудааст ва ба ивази низоми ҷумҳурият, ки дар ибтидои солҳои 2020- 2021 ба вуҷуд омад, як низоми теократии исломй, бо тартиботи асримиёнагй дар ҳоли ташаккулёбй мебошад. Ин раванд, бешубҳа зарурати таҳкики илмии таҷрибаи навсозии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Афғонистонро дар марҳилаҳои пешин афзоиш медихад. Зеро тамоми таҷрибаи асри XX Афғонистон баёнгари муқобилияти сахтй нерӯхои аҳибгаро ва радикалҳои исломй ба ҳар гуна навсозй ва ё модернизатсия будааст. Вижагии муҳими ин раванд аз он иборат аст, ки дар ҳама марҳилаҳо нақши асосиро дар пешгирй ва ё барҳам додани равандҳои навсозй нерӯҳои радикалии исломй ифо менамоянд. Қобили зикр аст, ки солхои охир дар Афғонистон ҳодисаҳое, ки ба вучуд омадааст бо президенти Тоҷикистон, Раиси ҷумҳури Эрон ва Сарвазири Покистон дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расидааст, ки дар ҳалли муаммоҳои Панҷшеру Афғонистон вобаста аст.

Аз таърих маълум аст, ки дар давраи солхои 1947-1952 дар Афғонистон нерӯҳои мухолифи сиёсй талаби ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодй ва демократигардонии ҳаёти сиёсй ва низоми идораи давлатиро ба миён мегузоштанд. Соли 1950 қонун дар бораи матбуоти озод қабул гардида, барои ташаккул ёфтани шабакаи васеи матбуоти озод мусоидат намуд, ахзоб ва созмонхои мухолиф имконияти ташкили органҳои нашриётй ва таблиғи ҳадафхои сиёсии худро пайдо карданд. Воқеият ин аст, ки маҳз ҳамин давра, аниқтараш солхои 1963-1973 бо ҳама мушкилоте, ки дар самти навсозии сиёсию иҷтимой вуҷуд доштааст, марҳилаи муҳими навсозй ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона Президени Тоҷикистон Эмомаль Раҳмон тавонист Имронхонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистн дар шаҳри Душанбе ва дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мутакоид кунад. Ин дастовард, дар сурати ҷомаи амал пӯшиданаш, албатта, дастоварде андак нест ва ба нируҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер умедҳои қавӣ мебахшад.

 

Хӯҷаназарова М.И-дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like