КОРРУПСИЯ ПАДИДАИ НОСОЛИМИ ҶОМЕА ВА ПАЙОМАДҲОИ НОХУШИ ОН

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда, намегузорад маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату  ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он бавуҷуд оварда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомоти  қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба масъалаи коррупсия чунин изҳори андеша намуданд “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфноки ҷамиятӣ, таърихи дурудароз ба мисли инсониятро доро мебошад, ки ин гуфтаҳоро нишондодҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд.

Чихеле, ки маълум аст таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик бо  ҳуқуқи мусулмонӣ ва яке аз ёдгориҳои таърихӣ Авесто алоқаи зич дорад.

Мисоли коррупсияро дар яке аз аввалин ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик Авесто дидан мумкин аст: «Бо одами  ҳасис  ҳамкорӣ накун ва  ўро мансаб мадеҳ».

Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки коррупсия  таърихи дурудароз дошта, он бо истилоҳҳои гуногун баён шуда оид ба ин амали зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода мешуд то ки он ҳаддал имкон аз байн бардошта шавад ва шароити мусоиде барои халқ дар  ҳамагуна соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои гуногун ва зиёди коррупсия мавҷуданд, ки омилҳои иқтисодӣ доранд. Вале ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ худ ба худ кам шудани коррупсияро дар байни хизматчиёни давлатӣ кафолат намедиҳад, яъне бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ танҳо ба воситаи баланд кардани даромади расмии хизматчиёни давлатӣ барҳам додани коррупсия ғайриимкон аст. Эътироф шудааст, ки яке аз сабаби асосии мавҷудияти коррупсия тарзи фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Боқи мондани фармондиҳӣ дар иқтисодиёт ва соҳибкорӣ аз ҷониби мансабдорон барои пойдории коррупсия муҳити хуберо ташкил мекунад.

Коррупсия ( калимаи лотини “corruptio” – бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан) – ба шахсони мансабдор, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатиро мефаҳмонад.

Зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар соҳаи сиёсат ё идоракунии давлатӣ мебошад, ки дар истифодаи қасдонаи вазъи хизматии худ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои ғайри қонунӣ ба даст даровардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ ва имтиёзҳо дар шакли дилхоҳ,  ҳамчунин харида гирифтани ин шахсон ифода мегардад.

Мутафаккири бузург Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад.

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрўзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сўиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхўрӣ, падидаи тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама, новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ин ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Имрўзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои  гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.

Мафҳуми коррупсия ва зоҳиршавии он дар фаҳмиши моҳияти иҷтимоии ин ҳодиса асос меёбад.

Моҳияти коррупсия дар он ифода мегардад, ки вай тартиби муқарраршудаи фаъолияти дастгоҳи давлатиро вайрон месозад, ки дар натиҷа дигаргуншавии (деформатсияи)   ҳокимият ба амал меояд.

Дар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмиллалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода шудаанд. Дар замони муосир мафҳуми бештар маъмули он, ки Конгресси нўҳуми СММ пешниҳод кардааст истифода мешавад:

Коррупсия — сўиистифода аз  ҳокимияти давлатӣ барои ба даст овардани фоида бо мақсадҳои шахсӣ мебошад.

Чунончи, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ба тасвиб расида, дар асоси он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ муайян шуданд.

Имрўз Тоҷикистон узви шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Ҳамзамон, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ду Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия қабул карда шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмўии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои махсус доир ба мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Ташкилоти бонуфузтарини байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, ҳамеша атрофи масъалаи мазкур чорабиниҳои муфид тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд.

Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгўи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. То ба имрўз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.

Ҳамзамон, бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр, ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» дар тамоми ҷаҳон эълон шудааст.

Дар натиҷаи тадқиқоте, ки бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омўзиши ҳамаҷонибаи мавзўи коррупсия, мавҷудият ва ё воқеият доштани ин амали зишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, аҳолӣ сабабҳои зиёди ба коррупсия мусоидаткунандаро номбар намуданд.

Бинобар барои осон намудани таҳлили сабабҳои ба ривоҷёбии коррупсия мусоидаткунанда, шартан онҳоро ба сабабҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву маданӣ ҷудо намудан мумкин аст.

Сабабҳои иқтисодии коррупсия инҳоянд:

-кам будани маоши хизматчиёни давлатӣ;

-вазъи ноустувор ва бўҳрони иқтисодӣ;

-мавҷудияти андозҳои зиёду калонҳаҷм ва набудани назорати ҷамъиятӣ.

Сабабҳои иҷтимоӣ ва маданӣ чунинанд:

– паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ;

-таназзули ахлоқии ҷомеа;

-риоя нашудани қонунҳо;

-сатҳи пасти ахлоқ ва дониши мансабдорон;

-ба ҳимояи ҳуқуқҳои худ майл надоштани шаҳрвандон;

-пастии сатҳи тахассусии хизматчиёни давлатӣ;

-аз ҷиҳати моддӣ таъмин набудани мансабдорон;

Оқибатҳои манфии коррупсия:

-фарқияти ҷиддиро байни арзишҳои эълоншуда ва воқеъӣ дар назар дошта дар аъзоёни ҷамъият «стандарти дугонаи» ахлоқ ва рафторро ташаккул медиҳад. Аз ин лиҳоз дар ҷамъият ченаки ҳама чиз пул мешавад, аҳамияти инсон бо андозаи дороии шахсии вай, новобаста аз шаклҳои ба даст овардани дороӣ баҳо дода мешавад, боиси девалватсияи қоидаҳои ахлоқ, ҳуқуқҳои динӣ, афкори ҷамъиятӣ ва ғайра мегардад;

– қонун бе қудрат ва беамал мегардад, дар шуури ҷамъиятӣ таассурот оид ба ҳимоянашаванда будани шаҳрванд ҳам дар назди ҳокимият ва ҳам дар назди ҷинояткорӣ ташаккул меёбад;

– ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъиятӣ ба манфиати гурўҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳқиршудаи аҳолӣ, бошиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иқтисодии аҳолӣ, қашшоқ гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимоӣ дар давлат мусоидат мекунад.

Баҳри муқовимат ва паст кардани сатҳи ҷинояткории коррупсионӣ чунин таклифҳоро пешниҳод менамоем:

  1. Дар вақти интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳо бояд шахсоне, ки бо дасту дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат мекунанд интихоб карда шаванд.
  2. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қабили Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судҳо, прокуратура ва ҷомеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарчи бештару зиёдтар фазои оштинопазири зиддикоррупсионӣ муҳайё карда шавад.
  3. Парламенти кишвар бояд қонунҳоеро қабул намояд, ки барои коррупсия имконият фароҳам наоранд.
  4. Бояд озодии сухан, дастрасии иттилооти расмӣ таъмин карда шавад, то ин ки Васоити ахбори омма тавонанд бе ягон монеа шаҳрвандонро аз амалҳои коррупсионӣ огоҳ созанд.
  5. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ба кормандони худ оид ба пешгирии коррупсия ва даст назадан ба ин кирдори номатлуб омўзиши комплексӣ ва силсилавӣ гузаронида, илова бар ин, барои омода намудани мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва пок нигоҳ доштани сафҳои худ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.
  6. Бояд механизми мураккаби андозситонӣ ва иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз боиси фаъол гардидани омилҳои коррупсионӣ дар байни соҳибкорон гардидааст, то андозае содда ва осон гардонида шавад.
  7. Музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баланд барошта шавад ва шароити кории онҳо беҳтар карда шавад.
  8. Ҷазои ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта вазнинтар карда шавад.

 

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like