НОМАИ ТАБРИКОТИИ ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ

Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!

Имсол,  Рўзи дониш ва  Дарси сулҳ  дар фазои бошукўҳи идона аз таҷлили накўтарин ҷашнвораҳои миллату давлатамон– сию яксолагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сисолагии Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ҳамасола,  бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд. Дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат боиси дарёфт ва эҷоди муносибатҳои сифатан нав дар зинаҳои таҳсилот гардида, дар ниҳоди ҷавонон – мутахассисони оянда хислату хусусиятҳоеро тарбия менамояд, ки онҳо ифодагари арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ҳастанд.

Рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва музаффариятҳои паёпай, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки аз файзи истиқлолу озодист,  илҳомбахши  фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ гардид. Ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифати таҳсилот,  таҳкими заминаҳои  моддию техникӣ,  ворид шудани донишгоҳ дар радифи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз саъю талоши устодону донишҷӯён ба даст омаданд. 

Бахусус, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ аз музаффариятҳои донишгоҳ аст, ки самараи меҳнати софдилонаю содиқонаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ арзёбӣ мегардад. Дар кўтоҳтарин фурсат бунёди бинои нави таълимии дорои пойгоҳи мустаҳкаму муосири моддиву таълимӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ, парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани мутахассисони  баландихтисос, омӯхтани забон ва таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати муҳассилин ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ мусоидат менамояд.

Изҳори боварӣ менамоям, ки  ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли муҳассилини донишгоҳ бо истифода аз имконоти созгори таълиму тарбия минбаъд низ ба хотири  боз ҳам баланд бардоштани нуфузи маъвои саодати маънавиамон саъю талош меварзанд.  

Бо истифода аз фурсати муносиб  кулли  кормандон ва омӯзгорону донишҷӯёнро ба муносибати оғози соли таҳсил  Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақияту бурдбориҳо таманно дорам. Бигузор соли нави таҳсил низ барои аҳли донишгоҳ соли комёбиҳои тоза ва дастовардҳои наҷиб гардад.

Соли нави таҳсил муборак!

You might also like