Кабирии хунхор ва максади нопоки ӯ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».
Имрӯзҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои озоду умедбахши сиёсӣ дар рушду нумӯъ қарор дорад. Ин ҳам бошад аз заҳмат ва кӯшиҳои пурталоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст.
Муттаасифона, шахсоне ёфт мешаванд, ки амнияти кишварро халалдор намуда, ба ҳаёти осоиштаи мардум хавфу хатари ҷиддӣ таҳдид манамоянд. Ин ашхос сабаби ба амал овардани ҳодисаҳои нангине, ки бар асари он шаҳрвандони бегуноҳ талаф меёбанд, ҳамчун амалҳои хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ мансубёфта мебошанд. Ин фаъолиятҳо мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амалҳои террористӣ ва экстремистӣ маҳсуб ёфта, ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудаанд. Ба ҳамагон маълумаст, ки мақсади Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон табадулоти давлатӣ барпо кардан буд. Собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ба амал баровардани мақсаду ҳадафҳои худ нақшаи мукамал ва манфиатовар барои ҷомеаро пайдо накарда ва рӯз ба рӯз эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсӣ ва ба боди фано рафтани маблағхои зиёди пуштубонии хориҷии ҳизб, сарварони он дастур гирифтаанд, ки шанси охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низоми ҳокимиятро ғасб намоянд. Ҷинояткории вазнин ва амалҳои душманонаи хоинони дар хориҷа таълимгирифта, терористони хунхор, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, аз тарафи мақомотхои қудратии кишвар саривақтӣ фош карда мешаванд. Онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ кӯшиши дар Тоҷикистон табадулоти давлатӣ ба вуҷуд оварданро доранд, хушбахтона бо ҳушёриву зиракии аъзоёни мақомоти қудратии дахлдор ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.
Солхои охир аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содирнамуда, дар байни аҳолӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта, боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъияти мегардиданд.
Ягон терррорист наметавонад, ки дар Точикистони сохибистиклол ва ободу зебо накшаҳои нопоки худро амалӣ намояд, зеро мардуми шарафманди точик имконият намедиҳанд, ки ин ашхос дар Точикистон кор ва фаъолият намоянд. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳамчун хоин як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, ҳамчун ватанфурўш нақш хоҳанд баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд. Насли наврас ва ояндаи тоҷик аз таърих хоҳанд донист, ки Муҳиддин Кабирӣ ва кабиримонандҳо барои ҷомеаи ҷаҳон хатаровар мебошанд зеро ин ашхос таёранд, ки бо маблағҳои хоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон дилхоҳ супоришу хадафҳои нопоки сарпарастонашонро иҷро намоянд.
Мирзоҷонова М. Қ. – дотсент, мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ