ДОИР БА ХИЁНАТҲОИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРОМИСТИВУ ТЕРРОРИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ
Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни муттафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбир (тезис)-и машҳури К. Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.
Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, куҳнапарастӣ, хурофот», аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯйи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Донишманди маъруф Герберт Спенсер дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо рӯҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфно ва умқи ҳақиқат нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст… Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».
Дар ҷаҳон мамлакате нест, ки комилан аз амалиётҳои террористӣ эмин бошад. Дар ҳамаи кишварҳо аз ҷониби ҳукуматҳо як қатор қонуну қарорҳо оид ба мубориза бар зидди терроризм амалӣ шуда истодааст.
Ҷомеъаи ҷаҳониро зарур аст беш аз пеш дар муқобили ин хатари хонумонсӯз муттаҳид шаванд, давлате набояд нисбати бадбахтии давлати дигаре дар бобати терроризм бетараф бошад, тавре, ки одам набояд ғарқшавии каси дигарро бетарафона мушоҳида намояд, зеро ҳеҷ давлвт аз хатари терроризм дар амон нест, танҳо иттиҳод метавонад, хамагуна хатарҳоро рафъ созад.
Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ