ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ҲАМЧУН САРЧАШМАИ БАДӢ  ДАР ИДЕОЛОГИЯИ ҶАВОНОН

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу  хатарзо буда ва  яке аз масъалаҳои муҳими  ногуворе,  ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо  хатарҳои  ҷиддӣ  эҷод  намуда метавонад ба рушди ҷомеа таъсири худро расонида бошад.

Терроризм  яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба ҳисоб  рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ   фаҳмида мешавад.  Терроризм ҳамчун ҷинояти характери миллӣ –  байналмилали дошта сарҳад надорад ва  ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона карда шудааст. Ғайр аз ин чӣ тавре ки Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаднок қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».  Ба  ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Вазъияти фазои динии ватанамон ба  ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудаанд. Воқеан террорист ватан, мазҳаб, миллат надорад. Алоқаманд намудани  назарияи терроризм ба мубини ислом аз мафкураи пасти  ақидаи  ин гурӯҳҳо ҳисоб менамоянд.

Ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, боиси низоъ ва даргириҳои зиёди хунин дар минтақаҳои гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонро ба ташвиш оварда, дар паи андешидани тадбиру чораҳои муосир саргардон кардааст. Ҷаҳони   имрӯзаро мушкилоти гуногун фаро гирифта, ки хатарноктаринаш пайдо кардани зуҳуроти терроризм мебошад.  Дар ҶТ Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ – мазҳабӣ мебошад. Дар баробари он қонуни мазкур метавонад амалҳои номатлуби  ин гурӯҳҳоро  маҳкум намуда  ба ҳар  категорияи вобастаи  ин  гуӯҳҳоро ҷавобгарӣ ва ҷазои маъмурӣ  татбиқ намояд. Терроризм дар асри мо ба ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад. Мутаасифона, гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин зуҳуротро дастгирӣ намуда, барои ташаккул ёфтани  он мусоидат мекунад. Вале боз масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки баъзе нафарон бахусус, ҷавонону наврасон, аз ҷумла аз кишвари мо ҳам ноогоҳона ба ин гурӯҳҳои даҳшатафкан шомил гардида,  оила ва Ватану миллати худро доғдор месозанд. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯровари дошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Мусоидати ҳар як фарди ҷомеа, пеш  аз ҳама падарону модарон, мақомотҳои дахлдори кишвар барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳо зарур аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошанд, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи падару модар низ зарур аст.

Омӯзгоронро  лозим аст,  ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат дода, ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоянд. Зеро заминаи аслии доман густурдани ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ мебошанд, ки ҷавононе ба доми тазвири душманони миллат меафтанд.

Ин омилҳои хатарҳо, ки ҳамарўза дар ҳаёти инсоният чун заҳрпечак арзи вуҷуд карда истодааст саркардагони онҳо саъю талош менамоянд, ки нақшаҳои ифротонаи хешро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намуда бо ин васила инсонҳоро ба худ тобеъ сохта, гурўҳҳои муташакилонаи худро афзун созанд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, дар гуруҳҳои террористӣ, ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрави кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, бештар ҷавонон фаъоланд. Мутаассифона дар радифи онҳо шомилшудани ҷавонони Тоҷикистони низ ба қайд гирифта шудааст. Онҳо Ватани худро бо роҳи тарғибу ташвиқ тарк кардаанд. Дигар роҳи бозгашт барои онҳо вуҷуд надорад, ҳарчанд пушаймонанд.

Дар ягон давру замон терроризмро аҳли башарият дастгирӣ накардаст ва нахоҳад  кард. Барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд.

Мушкилотҳои пурхатаре, ки ҷомеаи имрӯзаи  башариятро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин падидаҳои номатлуб аз қабили ҳар лаҳзаву замон ва бо ақидаҳои мухталиф рўйи кор омадани гурўҳҳои носозгори террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ мебошанд.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид менамоянд, ки  имрӯз, мо сокинони кишварро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар як ҳодиса баҳои дуруст дода, баҳри ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар кишварамон саҳмгузорӣ намоем. Мо бояд татбиқкунандаи  сиёсати хирадмандонаи  давлат бошем.

Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда ва мавриди дастгирии ҳаматарафаи  ташкилот ва мақомотҳои  он мебошад.

Фарзандони барӯманди  миллат он категорияи шаҳрвандон  ба ҳисоб мераванд, ки дар ҳамаи лаҳзаҳо  аз паи ободиву  осудагии  ҷомеа мебшанд.
Ҳар сол санаи 23 май дар ҳудуди ҷумҳурӣ рӯзи ҷавонон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад. Зарурияти ин ҷашн  на танҳо тавсифу худнамоӣ, балки бунёди  иттиҳоди ҷавонон  дар доираи ақидаи солим ва мафкураи худшиносии миллист.
Ба саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремисти дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.

Пас ҳар яке моро  зарур аст дар амалигардонии  консепсияи милли тарбия  саҳми худро гузошта ҷавононро  ба рӯҳияи солими хештаншиносӣ тарбия намоем.

Мутаассифона, душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангезро тавассути яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.

Пас ҳар яки моро зарур аст барои манфиати худ шуда, манфиатҳои миллиро фаромӯш нанамоем.

Омӯзгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки доштани масъулияти баланди ватандорӣ истиқлолияти Ватани худро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандустӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд. Махсусан нагузоранд, ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегона гарданд. Барои ин ҳукумату давлат шароитҳои зиёде фароҳам овардааст.

Имрӯз вақте он фаро расидааст ба қадри сулҳу субботи комили ҷомеа расида , шукронаи давру замон  ва тинҷиву оромии  ҳар фарди Тоҷикистон бошем. Зеро маҳз шукргузорӣ  метавонад ояндаи халқу миллатро  аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби  аср эмин нигоҳ дорад.

 

Норматова Ш.М. – муовини ректор оид ба корҳои тарбияи ДДҲБСТ

You might also like