АМАЛҲОИ ХИЁНАТКОРОНРО МО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд, ки: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Имрўз бо шарофати пойдории сулҳу субот ҶумҳурииТоҷикистон ободу зебо гардида, сокинон дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ карда истодаанд. Аммо, гурўҳе аз душманони миллати тоҷик мехоҳанд дар ҷомеа кинаву адоватро барангехта, ин оромӣ ва зебоии ватанамонро аз байн бубаранд. Ин фитнагарон аъзои ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ мебошанд.
Фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳои хоинони миллат ва ҳаммаслакони ў низ барои амнияту суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари бузургест. Аз ин рў, ҳеҷ як фарди тоҷикистонӣ нисбат ба амалҳои иғвоангезонаи онҳо набояд бетараф бошанд. Мо, мардуми даврони соҳибистиқлолии кишвар ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро амиқ дарк намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза хоҳем бурд. Синаи худро сипар мекунем, намегузорем, то ки ҳар роҳгузаре бар сўи миллати мо санг партояд.
Албатта, мақсадҳои нопоки ин хиёнатпешагон ҳанўз солҳои аввали 90-уми асригузашта ба мардуми Тоҷикистон маълумтгардида буд. Маҳз сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамин ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки садҳо ҳазор ҳамватанонамон куштаву сарсону саргардон шуданд ва ватанамон харобу вайрон гардид. Кирдорҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳоио нҳо ба мардум чун офтоб равшан аст. Барои онҳо Ватан, Модар ва ҳатто дину мазҳаб низ қадру қимате надоранд.
Бояд гуфт, ки ҳеҷ гоҳ мухолифини тоҷик бо ин сиёсати нодурусташон ба рўзи нек ва боварии мардум нахоҳанд расид. Зеро амалҳои хоинон доим танқид кардан ва паст задани давлату миллат аст. Ў наметавонад ба халқу миллат ёрмандӣ намояд, чунки намехоҳад ва намекунад. Ба қавле миссияи ў ҳамин тафриқаандозиву ба гумроҳӣ кашонидани ҷомеа аст, ки ҳанўз ҳам то қадри имкон худро дар он санҷида истодааст. Вале ҳеҷ гоҳ ба ин мақсади нопокаш нахоҳад расид.
Аз ин рў, моро зарур аст, ки дасти ҳам гирему қадам ба пеш занем. Иттиҳоду дастиҳамгирб аст, ки баъзе аз давлатҳо қадам ба қадам рў ба озодӣ аз ин вирус оварда истодаанд. Имрўз ҳолати мо ҳам иттиҳоду сарҷамъиро дар атрофи нафаре мехоҳад, ки воқеан барои халқ ва саломатии он меҳнату талош менамояд, на аз дуриҳои дур ташвиқ ба айбҷўию парокандагӣ месозад. Холисонаву бетарафона ва аз рўи виҷдону қарзи инсонӣ имрўз ҷамъ шудани мо атрофи Пешвои миллат ва дастгири иқдомоти неки ҷониби Ҳукумат шудан, бешак қадами бузург дар роҳи нест кардани ин вирус мебошад.
Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ