СУЛҲУ СУБОТ – КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ 

Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки соли равон зери таассуротҳои таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифи кишвар Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн гирифтанд.

Тӯли даврони соҳибистиқлолии кишвар барои расидан ба ҳадафҳои олии давлат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои хеле зиёд ва назаррас иҷро гардиданд.

Албатта, кишвари азизамон дар ин солҳо мушкилиҳои хеле зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, танҳо ба шарофати пешбурди сиёсати муваффақонаи Пешвои муаззами миллат давра ба давра ба таъмини зиндагии шоистаи мардум ноил гардида истодааст.

Агар дар айёми таназзул ёфтани низоми Шӯравии собиқ, барои Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ зоҳиран осон ба даст оварда шуда бошад ҳам, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроду гурӯҳҳои алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб, ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардида, хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он баръало эҳсос мегардид.

Ба Тоҷикистон хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ ворид гардида, дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сўзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг бошад ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, ҳамин миқдор занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кўдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба 40-50 сол ба қафо партофта шуд.

Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ доман зада, зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд.

Маҳз дар чунин давраи мушкилу вазнин роҳбарии давлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд, ки таърих инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Умуман то 27 июни соли 1997, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ, мусоҳибаҳо ва табрикот кардаанд ва дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дўстӣ ва ваҳдат сўҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кўшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудаанд.

Аз таҳлилҳои олимони соҳаи иқтисодӣ маълум мегардад, ки маҳз баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъ дар кишвар ба эътидол омада, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шурӯъ аз соли 2000-ум марҳилаи нави рушди иқтисодиёти мамлакат оғоз шуд.

Дар ин самт, бомаврид аст, ки аз дастовардҳои кишварамон, ки самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он мебошад, ёдовар гардем.

Барои расидан ба ин ҳадафҳои олии кишвар ҳанӯз моҳи апрели соли 2006 Роҳбари давлатамон дар Паёми худ ҳадафҳои стратегии кишварамонро муайян намуда буданд, ки мақсад аз он таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика, рушди он ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли нерўи барқ аз 14 миллиард киловаттсоат дар соли 2000-ум то 21 миллиард киловаттсоат дар соли 2020 расонида шуд.

Дар ин радиф, бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуда, маҳдудияти барқ дар фасли зимистонро бартараф  намуд.

Ҳамзамон, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҳар як давлату миллат маҳсуб ёфта, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини он ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба авзои кунунии ҷаҳон Роҳбари кишварамон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мулоқот фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли равон бори дигар иброз намуданд, ки “Дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд”.

Дар солҳои аввали соҳибистилолӣ, ки кишварамонро гуруснагӣ фаро гирифта буд, соли 1998 тақсими 75 ҳазор гектар зимин ба шаҳрвандон, яке аз иқдомҳои наҷиби Ҳукумати кишвар дар роҳи баромадан аз буҳрони ба вуҷуд омада ба ҳисоб мерафт.

Дар умум, дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 135 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила тақсим карда шуд, ки ин тадбир ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат намуд.

Баробари таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз афзалиятҳои рушд муайян намуд, ки натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, мавқеи Тоҷикистонро дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардонида, Тоҷикистон тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Ҳамзамон, дар марҳилаи нави рушди иқтисоди миллӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, тибқи маълумоти оморӣ дар даҳ соли охир шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 1368 ба 2274 адад ва шумораи кормандон аз 50 ҳазор ба 75 ҳазор расонида шуд.

Давоми ду даҳсолаи охир маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба 8800 сомонӣ расонида шуд, ки зиёдшавии он  нисбати соли 2000-ум 29 маротибаро ташкил менамояд.

Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бошад ба 82,5 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд, ки ин шаҳодати зиёда аз 100 маротиба афзудани нишондиҳандаи асосии макроиқтисодии кишвар нисбати солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мебошад.

Даромади пулии аҳолӣ низ дар соли 2020 47 миллиону 986 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба соли 2000-ум 5,2 маротиба боло рафтааст.

Дар ин замина, сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 25,3% дар соли 2020 паст гардида, сохтори истеъмолии аҳолӣ тағйир ёфт ва дар он ҳиссаи хароҷоти ғайриозуқаворӣ бамаротиб зиёд гардид.

Оғоз аз соли 2000 инҷониб бо ташаббусҳои Роҳбари кишварамон вобаста ба об, ки аз ҷониби беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст, Асамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намудааст, ки  ин аз боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Дар умум, татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии миллиамон,  густариши  равобити дўстии халқҳо,  иқдому амалҳои созандаи вусъатбори сокинони мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихномаи миллат бо хатти зар сабт гардидааст, самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он мебошад.

 

  Шарифзода М.М. – д.и.и., профессор, Ректори ДДҲБСТ

You might also like