ТЭТ ҲНИ ДИНИ ИСЛОМРО ҲАМЧУН НИҚОБ ИСТИФОДА МЕБАРАД

Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Таърихи сулҳи тоҷиконро дар давраи басо ҳассоси таърихӣ тамоми мардуми сайёра беназир меҳисобанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд доранд, ки аз тарафи доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда буд ва ҳамаи ин боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат гардид. Тарафдорони ҲНИ, ки мехостанд ҳукуматро соҳибӣ намоянд ва кишварро ба майдони қатлу куштор табдил гардонида буданд, амалҳои зиёди мудҳишро роҳандозӣ карданд.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ даст ба ҷиноят аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин даст заданд. Дар тӯли фаъолияти худ аз тарафи аъзоёни ҲНИ 1610 ҷиноят содир шудааст. Ҳизбе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебурд, аъзои он ба чунин ҷиноятҳои ниҳоят мудҳиш ва наговар даст заданд. Мазҳ дар ҳамин давра чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Сафаралӣ Кенҷаев, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва дигарон тибқи супориши ҲНИ ба таври бераҳмона ба қатл расонида шуданд.

Дини мубини ислом дини поку мубарро аст. Мусалмонон мардуми таҳаммулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд. Аммо, амалҳои содирнамудаи аъзоёни ҲНИ аз он шаҳодат медиҳанд, ки кирдору амали онҳо фарсахҳо аз дини мубини ислом дур аст. Зеро, он зӯроварӣ, ваҳшоният, бераҳмӣ, ки онҳо содир кардаанд, тасаввурнопазир аст.

Ҳайати устодон ва донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва андоз фаъолияти роҳбар ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро қатъӣ маҳкум намуда, намехоҳад, ки боз фарзандони тоҷик ятиму бепарасатор, модарони тоҷик бе саробон монанд, ба сулҳу амонӣ, ваҳдату якпорчагӣ, соҳибистиқлолии Тоҷикистон хатар таҳдид намояд.

 

Ҳайати устодон ва донишҷӯёни

факултети “Баҳисобгирӣ ва андоз”-и ДДҲБСТ

You might also like