ҲАДАФ ВА ҒОЯҲОИ НОМАТЛУБИ ТЭТ ҲНИ

Санаи 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро ба ҷаҳониён эълон намуда, имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 150 давлатҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибихтиёр мешиносанд.

Мутобиқи  моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Бо мақсади татбиқи Коснтитутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои бурдани ҳаёти осуда ва озоди зиндагӣ фароҳам оварда шуд.

Дар ин замина тӯли солҳои истиқлолият, барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Яке аз ин ҳизбҳои сиёсӣ- Ҳизби наҳзати исломи мебошад, ки он санаи 4-уми декабри соли 1991 ба саҳнаи сиёсат қадам гузошт. Дар оғоз сарварии онро Саид Абдуллои Нурӣ ба ӯҳда дошта баъдан он ба зиммаи Муҳаммад Кабирӣ вогузор шуд.

Пӯшида нест, ки маҳз дар ангезиши алангаи ҷанги бародаркуши соли 1992 нақши босазоро Ҳизби наҳзати исломи бозидааст. Маҳз аъзоёни ин ҳизб дар давраи аз 27 март то 27 ноябри соли 1992 силоҳ дар даст барои амалӣ намудани ғояҳои ифротгароӣ фаъолият бурданд. Ғоя ва ҳадафи асосии ҲНИ ин ғасб намудани ҳокимияти қонунии Тоҷикистон ва ташкили давлати бо ном исломӣ буд.

Мувофиқи маълумотҳои коршиносони ҷаҳонӣ Ҳизби наҳзати исломӣ ягона ҳизби исломӣ буд, ки дар Осиё Марказӣ расман фаъолият мебурд. Ин далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати демократӣ буда, барои озодона фаъолият бурдани ҳар як ҳизби сиёсӣ ва Иттиҳодияи ҳамъиятӣ имконият фароҳам овардааст.

Аммо ҲНИ аз озодии додашуда сӯиистифода намуда, барои татбиқи ғояҳои ифротгароӣ  фаъолияташро вусъат бахшид. Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҳониби аъзоёни ҲНИ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҳумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад.» Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ имзо гузоштааст, фаъолияти ҲНИ-ро ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баррасию муҳокима намуда, фаъолияти ҲНИ аз рӯи талаботҳои моддаи 129 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, моддаҳои 149 (барангезонидани халқ барои шӯриши яроқнок бар зидди Ҳокимият), 313 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Туркия, моддаҳои 127 (бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ), 128 (бо роҳи зӯроварӣ бартараф кардани мақоми конститутсионӣ), 140 (сӯиқасд ба суст кардани иқтидори ҳарбӣ)-и КҶ Ҷумҳурии Полша, моддаҳои 242 (хиёнат ба давлат), 249 (кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ аз вазифааш дур кардани Президент), 278 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ)-и КҶ Австрия, моддаҳои 104 (сӯиқасд барои вайрон кардан ва тағйир додани шакли идоракунӣ), 113 (шӯриши яроқнок), 124 (сӯиқасд ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ)-и КҶҲ Белгия, инчунин Конвенсияи Шӯрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм» аз 16 майи соли 2005, Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 09 декабри соли 1994 қабул карда шудааст, ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ ва тафсир мегардад.

Террорист дар куҷое, ки ҷиноят содир накунад вай террорист аст. Ашхосе, ки чунин ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро дар дилхоҳ кишвар содир мекунанд, ҳатман тибқи қонунгузории ҷиноятии он давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Бинобар ҳамин ҳам соли 2016 ҲНИ ба Феҳристи ташкилотҳои террористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ ворид карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, маврид ба зикр аст, ки ба зиммаи омӯзгорон масъулияти баланди тарбияи ҷавонон вогузор карда шудааст ва мо омӯзгоронро зарур аст, ки ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо, решакан намудани ғояҳои ифротагроии ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат бандем.

Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like