НАҲЗАТ БОИСИ НОУМЕДИҲОСТ
Ҳамагон шоҳид гардидем, ки санаи 02 августи соли равон дар шабакаи иҷтимоии ютуб баромади Муҳддин Кабирӣ дар мавзӯи “Оё барои мусалмонон ҳамеша бояд як диктатур бошад? Таҷрибаи Тунис, Туркия ва Толибон”, пахш карда шуд, ки дар он Кабирӣ бо мисол овардани давлатҳои мусалмонӣ ва инқилобҳо дар он кишварҳо руйпӯшона мардуми Тоҷикистонро ба инқилобу митинг даъват намуда, чунин андеша меронд, ки роҳи боз ҳам беҳтар шудани зиндагии мардум гӯё аз ҳамин митингу инқилоб вобаста бошад. Мо албатта инқилобу митинги наҳзатиёро дидем, ки дар солҳои 90-ум Тоҷикистонро ба кадом ҳолат оварданд ва чӣ қадар ба Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ зарар овард.
Бахусус аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз бо роҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва баъдан бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ даст ба бадномсозии дини мубини ислом зада, ҳазорон нафар ҳамватанонро гумроҳ карда боиси яъсу ноумедии эшон гардиданд. Масалан дар солҳои навадум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва дигар ҳаммаслаконаш аз фурсати муносиб истифода намуда, хостори ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зурӣ гардида, мехостанд Тоҷикистонро ба кишвари исломӣ табдил диҳанд. Онҳо дар он замон ягона роҳе, ки бовариву эътимоди мардумро ба даст овардан метавонистанд ин ҳам бошад бо пеш овардани сураву оятҳо аз дини мубини ислом ва бо ин васила гӯё «малҳам гардидан ба дарди мазлумон» кор гирифтанд. Аз як сӯ мардумро ба гуруҳҳо тақсим карда, онҳоро байни ҳамдигар ба низоъ даъват мекарданд, аз сӯи дигар худро ба онҳо ҳалиму меҳрубон нишон дода, дар қалбашон оташ меафрӯхтанд.
Ҳамин тариқ аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар солҳои наваддум дар кӯчаву хиёбонҳо баромада, мардумро ба гирдиҳамоиҳои оммавӣ ва мубориза бар зидди ҳукумати амалкунандаи вақт даъват менамуд.
Чӣ тавре, ки мо ҳоло ҳам шоҳид шуда истодаем чунин амалҳояшонро онҳо имрӯзҳо дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда истодаанд. Дар ҳамаи баромадҳояшон онҳо танҳо доир ба даъвати сокинони Тоҷикистон барои зидди Ҳукумат баромадан, митинг кардан ва инқилоб намудан даъват менамоянду халос. Оқибати митинг ва инқилоби онҳоро бошад мо аллакай солҳои наваддум дидаем ва ҳаргиз намехоҳем, ки он рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ дубора ба сари мардуми мо ояд.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар солҳои 90-ум аз нерӯи бузурги ҷавонони гумроҳ, ки дар он солҳо хату саводи динии кофӣ надоштанд истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ва ҳилаву найранг онҳоро ба қатлу куштор ва ғоратгариву харобисозиҳо даъват мекарданд. Билохира аъзоёни ҲНИ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба фирқаҳо ҷудо намуда, онҳоро байни ҳам ба низоъ андохт ва маҳз бо афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби мардум барои вайронии хонаи хеш аз кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуд.
Бинобар собит гардидани даст доштани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ соли 1993 фаъолияти ҳизб дар кишвар манъ карда шуд. Мардум чеҳраи манфури ин ҳизбро шинохтанд.
Ба мардуми Тоҷикистон, ки дар он солҳои вазнину фоҷиабор роҳи ояндаи худро намедонистанд Худованди таъоло ҳамчун ҳадяи яздонӣ Эмомалӣ Раҳмонро аз минбари баланди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ато намуд ва маҳз бо талош ва кӯшишҳои Пешвои миллат ва хиради мардуми мо дар кишвар ниҳоят бо гузашти 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ соли 1997 сулҳи деринтизор ҳукмфармо гардид.
Пас аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими сулҳу субот дубора ба фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ иҷозат дода шуд. Аммо ин маротиба низ наҳзатиён аз амалҳои бешарафонаи худ даст накашида, боз ҳам рӯйрост динро ба манфиати шахсии худ истифода намуда, ҳазорон нафар шаҳрвандони осоиштаро гумроҳ карда, аъзои ин ё он ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро карданд. Боиси вайронии чандин оилаҳои солим гардиданд.
Маҳз Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун мунофиқ барои нооромии кишвар кӯшиш намуда, худ ба назди хоҷагони хориҷиаш фирор намуд ва аз хориҷ амалиёти Абдуҳалим Назарзодаро маблағгузорӣ кард. Имрӯзҳо низ бо вуҷуди аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти терористӣ-экстремистӣ эътироф гардидани наҳзат Кабирӣ аз нияту нақшаҳои нопоки худ даст накашида, ба бадномсозии Тоҷикистон дар назди хоҷагони худ кӯшида истодааст.
Кабирӣ мисли мунофиқ – яъне душмани пинҳонии дохилӣ амал карда, худро ба мардуми тоҷик дӯсту ошно вонамуд карда, ба ин марзу буми Ватан хиёнат кард.
Макони мунофиқонро Худованд дар табақаи пасттарини дӯзах муайян кардааст ва мунофиқон мисли гурбаи зоҳид хилъати зуҳду тақво ба бар кардаву аз номи ислом сухан мегӯянд, аммо чун фурсати муносиб ёфтанд, неш мезананд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури наҳзат ва Кабирии суханбози мунофиқ барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш бахусус ҷавонон ҳамчун ояндагони миллат аз ин мунофиқон кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи
таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ